Википедиа:Дархост ба унвони мудир

(Тағйири масир аз ВП:ДБУМ)
↱ ВП:ДУА

Унвони мудир ба корбарони хуб ва дар кор санҷида шуда дода мешавад, аз ҳама аввал барои ҳимоя кардани Википедиа аз вандализм. Муҳимтарин пешгирӣ дар додани ҳамин унвон — нобовари дар он, ки оё корбар метавонад доимо имконияти мудирро дар вақташ иҷро кунад. Барои бовари кор кардан кифоя нест, боз хоҳиши кор кардан ва имконияти вазифаи мудирро доштан лозим аст. Мудир бояд бисёр вазифаро ба ӯҳдаи худ гирад, назар ба дигар корбарон; ҳуқуқҳои иловагӣ бояд бо ӯҳдадорӣ баробар бошанд.

Унвони мудир ба яке аз корбарон Википедиа:Девонсолорҳо дар асоси дархости корбар, ки тайёр аст ба худ вазифаи мудириро гирад. Дар ин ҳолат боз бисёр нишондодҳо ба назар гирифта мешавад, қисман, баҳси корбар бо дигар корбарон ва натиҷаи овоздиҳии онҳо. Овоздиҳӣ-раъйдиҳӣ баъд аз пешниҳоди номзадӣ сар мешавад (ғайр аз иғвогариҳои ошкоро) ва баъд аз як ҳафта ба охир мерасад (7 шабонарӯз) баъд аз гирифтани розияти номзад дар саҳифаи овоздиҳӣ-раъйдиҳӣ ба номзадияш. Дар овоздиҳӣ ва муҳокима метавонанд ҳамаи номнавис шудагон иштирок варзанд, кадоме, ки на кам аз 5 вироиш (правок) то ҳолати пеш гузоштани номзадӣ кардаанд.

Лозим аст, ки номзад ба мудири дар лоиҳаи тоҷикии Википедиа на кам аз ce моҳ иштирок карда ва на кам аз панҷсад вироиш карда бошад. Агар шубҳа доред, ки корбар ба мудири мувофиқ нест, — боҷуръат муқобилаш овоз диҳед, агар ҳеҷ чизеро дар борааш надонед — худдорӣ нависед.

Вазифаи девонсолорҳо — дида баромадани номзадҳо, корбарони муҳокимашуда, ки овози бисёр гирифтанд. Википедиа:Девонсолорҳо бояд бодиққат ва ҷавобгарона ба додани унвони мудир амал кунанд. Ба натиҷаи овоздиҳӣ ба номзад набояд фақат такя кард; бояд ҳаматарафа фаъолияти номзадро омӯхт (хусусан вақтҳои охир), боз санҷед ва донед, ки овозҳои додашуда, овозҳои корбарони ҳақиқианд, овозҳои шахсони нав номнавис шуда фақат барои овоз додан ба номзад набошанд. Боз диққат диҳед ба ҳолатҳое, ки шахс худро бо ҳеч роҳ нишон надод, ҳеҷ кас намедонад ва овоз ба ӯ намедиҳад, боз агар овозҳо дар қисми «муқобил» ва «худдорӣ».

Агар бо ягон сабаб ба ин унвон рад карданд (девонсолорҳо бояд хуб сабабашро бифаҳмононанд), ба номзадон тавсия мешавад, ки дар дастгирии Википедиа муддате бошанд, ки баъад аз он номзадии худро дубора пешкаш кунанд. На бояд ба рад ғамгин шуд, ин баҳогузорӣ ба ҳиссагузории шумо ба Википедиа нест, ин мазмуни онро дорад, ки ҷамъияти на он қадар ба ҳолати корбар ба унвони мудири боварӣ дорад.

Агар мӯҳлати як ҳафтаина гузашт девонсолорҳо қарор ба дархост набаровада шуд — боҷуръат новобаста ба Википедиа:Девонсолорҳо муроҷиат кунед, шояд кор дар фаромӯшхотирии оддӣ мебошад: дар охири ҳафта одатан фаъолият дар саҳифаи овоздиҳӣ ба сифр меафтад.

Дархостҳои баррасишуда

вироиш

Дархостҳои кунунӣ

вироиш