Ваагн Гарникович Хачатурян (арманӣ. Ռոբերտ Սեդրակի Քոչարյան, 22 апрели соли 1959, Сисиан, Арманистон) — ходими давлатӣ ва сиёсии Арманистон. Панҷумин Президенти Арманистон аз 13 марти 2022.[1]

Ваагн Хачатурян
арманӣ. Ռոբերտ Քոչարյան
аз 13 марти 2022
Пешгузашта Ален Симонян
Таваллуд 22 апрел 1959(1959-04-22) (65 сол)
Фарзандон 2
Ҳизб Конгресси миллии Арманистон
Таҳсилот
Эътиқод Armenian Apostolic Church[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш
  • Ваагн Гарникович Хачатурян 22 апрели соли 1959 дар Сисиан Арманистон таваллуд шудааст.
  • Соли 1976 мактаби миенаи No 118-и Ереванро бо медали тилло хатм кард.
  • Солҳои 1976-1980 дар Институти хоҷагии халқи Ереван таҳсил карда, соҳиби ихтисоси иқтисодчӣ гардид.
  • Солҳои 1980-1982 дар артиши Шӯравӣ хидмат кардааст.

Корнома

вироиш
  • Аз соли 1982 дар иттиҳодияи истеҳсолии "Разданмаш" ҳамчун иқтисоддон, сардори озмоишгоҳи тадқиқоти иқтисодӣ кор кардааст.
  • Аз соли 1989 то 1992 дар заводи "Марс" аввал сардори шӯъба, сипас муовини директори Генералӣ кор кардааст.
  • Аз соли 1988, аз оғози ҳаракати Қарабоғ, фаъолона бо фаъолияти ҷамъиятӣ-сиесӣ машғул буд.
  • Дар солҳои 1990-1995 вай вакили Шӯрои шаҳри Ереван интихоб шуд, аз 25 декабри соли 1992 то 19 феврали соли 1996 Раиси Кумитаи Иҷроияи Шӯрои шаҳри Ереван, Раиси шаҳри Ереван буд.
  • Соли 1995 вай вакили Маҷлиси Миллии Даъвати Якуми Арманистон интихоб шуд, узви комиссияи Доимии ММ оид ба масъалаҳои молиявӣ-кредитӣ, буҷетӣ ва иқтисодӣ.
  • Солҳои 1996-1998 мушовири Президенти Ҷумҳурии Арманистон буд.
  • Соли 2000 муассис ва узви Маркази рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандии "Армат" буд.
  • Дар соли 2006 муассис ва узви ташаббуси ҷамъиятию сиесии "Алтернатива"буд.
  • Аз соли 2013 то феврали соли 2022 узви ҳизби "Конгресси миллии Арманистон", роҳбари Комиссияи иқтисодӣ буд.
  • Дар солҳои 2019-2021 узви озоди Шӯрои ҶДММ "Армэкономбанк"буд.
  • Аз соли 2020 номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.
  • 4 августи соли 2021 Вазири саноати баландтехнологии Ҷумщурии Арманистон таъин шуд.
  • 3 марти соли 2022 Ваагн Хачатурян дар ҷаласаи махсуси Маҷлиси Миллӣ Президенти панҷуми Ҷумҳурии Арманистон интихоб шуд.
  • Муаллифи мақолаҳои илмӣ, тарҷумаҳо ва нашрияҳои китобҳо оид ба иқтисод ва сиесатшиносӣ мебошад.
  • Оиладор, соҳиби 2 фарзанд ва 2 набера мебошад.
  1. Vahagn_Khachaturyan(англ.). www.president.am/ru.