Вавилон-Т
Вавилон-Т (ҶММ «Вавилон-Т») — ширкати хидматрасониҳои телекоммуникатсиявӣ ва телематикӣ дар Тоҷикистон. Соли 2000 ба фаъолият оғоз намуда, намояндагиҳои он дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон амал мекунанд. Трафики берунаи ширкат бо шабакаҳои зеризаминӣ 389 Мб/с-ро ташкил медиҳад. Он бо истеҳсолкунандагони таҷҳизоти телекоммуникатсиявии HUAWEI, SAF, Cisco Systems, IBM, NEC, ERICSSON, RAD data communications ҳамкорӣ дорад. Вавилон-Т дар шаҳри Душанбе ба масофаи зиёда аз 350 км симҳои нахию нурӣ ва дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Хоруғ, хатҳои радиорелеӣ гузаронидааст.
Соли 2005 Вавилон-Т шабакаи стандарти NGN-ро (Next Generation Network) ҷорӣ намуд, ки ташкилкунандаи як қисми шабакаи CyberNet мебошад. Он шабакаи насли нав, зудамал, бисёрҷабҳа, умумӣ, камхарҷ ва барои истифодаи намудҳои гуногуни ирсоли маълумот зарур аст.
Шабакаи CyberNet Интернети баландсуръат (суръати ирсоли маълумот аз 512Кб/с то 1Гб/с), интранет (шабакаи корпоративии пӯшидаи таҳвилдиҳандаи маълумот), VPN (шабакаи шахсии виртуалӣ), WI-FI (шабакаи баландсуръати даст расии радио), алоқаи телефонӣ (NGN), аз ҷумла телефони анъанавӣ, IP-телефония (алоқаи байналмилалӣ) ва дигар хидматрасониҳоро амалӣ менамояд. Таъсиси шабакаи алоқаи телефонии корпоративии миқёси LAN (маҳаллӣ, дар ҳудуди шаҳри Душанбе), MAN (байнишаҳрӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон), WAN (байналмилалӣ) низ аз ҷумлаи хидматрасониҳои ширкат мебошанд. Соли 2007 Вавилон-Т бори нахуст дар Осиёи Миёна технологияи навтарини WiMAX-ро ба истифода дод. WiMAX 4G-интернет технологияи навтарини бесим аст. Пойгоҳҳои базавии WiMAX дар ш.-ҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Турсунзода ва вилояти Хатлон насб шудаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вавилон-Т // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.