Ваготомия — як навъ амали ҷарроҳист, ки ҳангоми он асаби гумроҳ дар зер ё забари диафрагма бурида мешаванд. Ҳангоми муолиҷаи захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта (бо мақсади кам кардани тарашшуҳи кислотаи хлорид ва пепсин дар он) беморонро Ваготомия мекунанд. Баъди қатъ кардани асаби гумроҳ миқдори туршии меъда коҳиш ва захм шифо меёбад. Дар баъзе ҳолатҳо Ваготомия ҳамчун усули иловагии ҷарроҳӣ ҳангоми муолиҷаи бемориҳои сурхрӯда (бо мақсади кам кардани таъсири кислота ба он) низ истифода мегардад. Ваготомия ҳоло кам кор фармуда мешавад.

Сарчашма

вироиш