Вадим Солибоев
Вадим Хатамович Солибоев (тав. 04.06.1938, шаҳри Хуҷанд – ваф. 1993, шаҳри Душанбе), равоншиноси тоҷик, номзади илмҳои равоншиносӣ (1968), дотсент (1971).
Зиндагинома
вироишСолҳои 1957–1959 ҳамчун лаборанти Донишкадаи тиббии шаҳри Душанбе, 1959–1961 челонгар кор кардааст. Солҳои 1959–1964 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1964– 1965 мудири кабинети кафедраи забони русии донишгоҳи номбурда, 1965–1967 аспиранти кафедраи равоншиносӣ, 1968–1986 муаллими калон ва дотсенти кафедраи мазкур дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1986–1989 декани факултети такмили ихтисоси директорони мактаби миёна буд. Солҳои 1989–1993 ба ҳайси дотсенти кафедраи равоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дошт. Муаллифи 6 асар ва 250 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Бо нишонҳои сарисинагии «Барои муваффақиятҳо дар кори маорифи ИҶШС» (1989) ва «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.
Осор
вироиш- Очеркҳо доир ба психологияи инкишофи нутқи русии мактабҳои тоҷикӣ, Д., 1967;
- Таҳлили психологии ваҷҳҳои омӯзиши забони русӣ, ҳамчун забони дуюми модарӣ, Д., 1973;
- Таҳлили психологии ваҷҳиёти азхудкунии забони русӣ ҳамчун забони дуюм, Д., 1983;
- Баъзе хусусиятҳои нақли матнҳо бо забони дуюм, Д., 1973;
- Системаи омӯхтани психология дар донишкадаи олии омӯзгорӣ, Д., 1982.
Пайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |