Вадодара
Вадодара (Vadodara) — шаҳр дар ғарби Ҳиндустон, пойтахти иёлати Гуҷарот дар соҳили дарёи Вишвамитри воқеъ аст.
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Баландӣ | 129 ± 0 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:30[d] |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди телефон | 265 |
Нишонаи почта | 390001 |
Вебгоҳи расмӣ(англ.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аҳолиаш 1,8 млн нафар (2012). Масоҳаташ 148,95 км2. Р. о. дорад.
Таърих
вироишАз садаи IX маълум аст. Солҳои 1734–1949 пойтахти ҳамноми ҳамин иёлат буд. Аз соли 1802 тобеи ширкати Ост-Инд, баъдан тобеи ҳукумати Англия. Аз соли 1950 дар ҳайати иёлати Бомбай (имрӯза Мумбай) ва аз соли 1960 дар ҳайати иёлати Гуҷарот қарор дорад.
Корхонаҳои кимиёӣ (саноати коркарди нафт), мошинасозӣ, коркарди оҳан дорад. Бо истеҳсоли дастии матоъҳои симандуд маъруф аст.
Аз ёдгориҳои таърихӣ қасри Маҳараҷ (бештар бо номи Лакшми Вилас маъруф аст) маҳфуз мондааст. Осорхонаҳои Маҳараҷа Фотеҳ Сингх, Вадодара (1894), нигористони мусаввараҳо (1920), донишгоҳ (1949) ва киностудияи бузург дорад.
Адабиёт
вироиш- Новая российская энциклопедия. Т. III (2), М., 2007.
Сарчашма
вироиш- Вадодара // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.