Вазелин
Вазелин (лот. Vaselinum, Paraffinum unguinosum, Petrolatum [фаронс. vaseline, аз олм. was(ser) – об ва юнонӣ elaion – равғани зайтун]) — омехтаи карбогидридҳои сахт ва моеъ, ки аз нафт гирифта мешавад. Вазелин моддаи зардранги марҳаммонанд буда, бӯй надорад; дар эфир, бензин, хлороформ ҳал мешавад. Ҳарорати гудозишаш 37–50°С. Вазелинро дар натиҷаи гудохтани карбогидридҳои сахт (15–20%) ё омехтаи онҳо дар равғани нафт ҳосил мекунанд. Сипас омехтаи мазкур ба тавассути кислотаи сулфат ва гили саршӯй тоза карда мешавад. Вазелин барои тайёр кардани марҳамҳои гуногун истифода гашта, илтиҳобро рафъ ва пӯстро аз таъсири ангезандаҳои гуногун ҳимоя мекунад; Вазелини зард (солидол)-ро дар техника кор мефармоянд; Вазелини конденсатор дар саноати электротехника истифода мешавад. Вазелини техникӣ равғани молидании антифриксионӣ ва муҳофизатии умумӣ аст.
Адабиёт
вироиш- Тихонова А. И. Технология лекарств. — Харьков, 2002.
Сарчашма
вироиш- Вазелин // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.