«Вазеҳу-л-баён» (форсӣ: وضيح البيان‎) — асари Одинамуҳаммад ибни Мироқили Қаротегинӣ дар масоили эътиқодӣ; солҳои 1759–68 ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, шарҳест манзум бар «Мазҳари кулл»-и фақеҳи маъруфи садаи XVI Ҷомӣ ибни Камолуддини Қаротегинӣ (Мавлоно Ҷомии Сонӣ).

Китоб мутобиқи тақсимбандии «Мазҳари кулл» аз 75 боб («ақида») иборат буда, дар ҳар боб, ки ба арабӣ номгузорӣ шудааст, як масъалаи эътиқодӣ шарҳу баён ёфтааст. Чунончи, масъалаҳои тавҳид ва имон (ақидаҳои 1–7), раво набудани такфири аҳли қибла муҷмалан (ақидаи 10), раво будани намози ҷаноза бар бир (некукор) ва фоҷир (бадкор), чун ба имон мирад (ақидаи 11), нофеъ будани дуо ва садақаҳои зиндагон барои фавтидагон (ақидаи 20). Дар «Вазеҳу-л-баён» нуктаи мутобиқи мазҳаби Имоми Аъзам будани ақидаҳои дар китоб баёншуда борҳо таъкид гашта, ҳатто як боби он («Ақидаи ҳафтоду чорум») махсус ба ҳамин масъала бахшида шудааст. Дар он муаллиф зимни шарҳи байтҳои «Мазҳари кулл» таъкид кардааст, ки тамоми ақидаҳои ин китоб тибқи мазҳаби ҳанафӣ ва бар тариқи аҳли суннат ва ҷамоат мебошанд. Ҳамчунин хилофи эътиқоди муътазила будани баъзе ақоиди дар китоб баёнгашта таъкид гаштааст. Аз ҷумла, ақида дар бораи ризқ будани ҳаром (ақидаи 14); ҳақ будани шафоати анбиё ва уламо, шаҳидон ва солеҳон барои муъминоне, ки гуноҳи кабира ва сағира кардаанд (ақидаи 21), собит будани мизону тарозу ва ҳисоби бандагон дар қиёмат (ақидаҳои 22 ва 24), алҳол мавҷуд будани биҳишту дӯзах (ақидаи 26), ба мартабаи набӣ нарасидани валӣ (ақидаи 40), афзал будани илм аз ақл (ақидаи 52). Мавлавӣ Ҷомии Сонӣ афв намудани гуноҳони кабираро аз сӯйи Худованд ҷоиз медонист (боби 45):

Ҷоиз бувад, ки афви кабоир кунад Худо,
Хоҳӣ ба тавба ё бувад тавба аз ӯ ҷудо.
Мункир машав, ки мебувад он дуни ҳолика,
Чун мӯъминӣ ту, яғфиру мо дуна золика.

Муаллифи «Вазеҳу-л-баён» ақидаи мазкурро чунин шарҳ медиҳад: «Яъне: ҳамин, ки мӯъминӣ ва ширк намеорӣ, ҳар гуноҳи дигари туро, ки ғайри ширк аст, мебахшад, агар хоҳад». Барои чунин андеша ӯ аз ояти қуръонӣ (4:48) истидлол мекунад. Дар боби 75 таъкид рафтааст, ки маъхази ақоиди дар китоб зикршуда Қуръону Ҳадис ва тафсирҳо мебошанд. Воқеан ҳам дар «Вазеҳу-л-баён» ба оёту аҳодиси зиёд истинод шудааст, вале баъзе ҳадисҳои овардаи муаллиф аз матни онҳо дар маҷмӯаҳои муътабари ҳадисӣ тафовут доранд. Яке аз тафсирҳое, ки муаллифи «В.» дар шарҳи худ бештар ба он муроҷиат кардааст, «Тафсири Яъқуби Чархӣ» мебошад. Муаллиф дар баъзе мавридҳо шарҳи масоили эътиқодиро бо порчаҳои шеърии худ тақвият додааст:

Ибни Оқил, ҳар кӣ ӯ толиб бувад,
Ақли ӯ бар нафси ӯ ғолиб бувад.
Ҳар киро нафсаш бувад ғолиб қавӣ,
Ӯ бувад гумраҳ чу Фиръавни ғавӣ.

«Вазеҳу-л-баён» барои омӯзиши афкори диниву фалсафии мардуми тоҷик дар давраи охири асрҳои миёна аҳаммияти бузург дорад. Он ба ҳуруфи форсӣ (2011) ва кириллӣ (2013) ба табъ расидааст.

Адабиёт вироиш

  • Мавлавӣ Одинамуҳаммади Қаротегинӣ. Вазеҳу-л-баён (шарҳи «Мазҳари кулл»-и Мавлоно Ҷомии Сонӣ). Д., 2013;
  • مولوى آدينه محمد قراتيگینی. وضیح البیان (شرح مظهر کل مولانا جامی ثانی. دوشنبه، ۲۰۱۱

Сарчашма вироиш