Ваззоҳи Яман (وضاح یمن) (фавт. 712) — шоири арабизабони эронинажод, ки соли 575 ҳамроҳи сарлашкари сосонӣ Ваҳриз барои аз ҳабашиён озод кардани Яман рафта, дар ҳамон ҷой муқимӣ шуданд ва бо номи «ал-Абно» ва «ал-Аҳрор» машҳур гаштанд. Дар таърихи адабиёти араб В. Я. чун шоири ғазалсаро шуҳрат дорад ва яке аз аввалинҳост, ки унсурҳои адаби эрониро ба назми араб ворид кардааст. Муҳаққиқони адабиёти араб густариши ғазалҳои дар қолаби саволу ҷавоб ва мунозира гуфташударо натиҷаи ҳамин фаъолияти В. Я. донистаанд. Дар ғазалҳои ишқияш ба Равзо ном маъшуқа розу ниёз гуфтааст. Баъзе ғазалҳои В. Я. дар васфи зани халифаи умавӣ Валиди I (ҳукмронӣ 705—715) — Умм-ал-Банин суруда шудаанд. Тибқи ривоёт, халифа аз ин гуна ғазалҳои шоир огоҳӣ ёфта, соли 712 ӯро ба қатл маҳкум кардааст. Пас аз маргаш, дар асоси ғазалҳои боқимондаи ӯ ду достони романтикӣ — яке дар бораи Ваззоҳу Равзо ва дигаре дар бораи Ваззоҳу Умм-ал-Банин эҷод шудаанд. Дар ин достонҳо воқеаҳои ҳаёти шоир бо хаёлпардозиҳои мардумӣ омезиш ёфтаанд ва дар ҳамин асос шахсияти шоир чун шахси таърихӣ мавриди шубҳа қарор гирифтааст. Баъдан ин шубҳа бо санадҳои қотеъ рафъ шудааст.

Ваззоҳи Яман
ар. وضاح اليمن
Таърихи таваллуд: асри VII
Таърихи даргузашт: 708
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Адабиёт

вироиш
  • Зоҳидов Н. Адабиёти арабизабони форсу тоҷик. Хуҷанд, 1999.

Сарчашма

вироиш