Вазируннисобегим (форсӣ: وزیر النسا بیگم ‎) — шоираи форсизабони Ҳиндустон (асри 18). Тахаллусаш «Вазир». Зани аз улуми расмии давр огоҳ будааст. Дар мадрасаи занона дарс медодааст. Дар маъхазҳо аз Вазируннисобегим чун шоираи боистеъдод ёд шудааст. Устодашро Муҳаммадакбархони Хористонӣ ном бурдаанд. Ба забонҳои форсӣ ва урду ашъори содаву равон месурудааст.

Намунае аз ашъор:

Хуни ман рехт ба шӯхию ҳино баст ба каф,
Парда андохта бар рух зи сабо боз омад.
Бахт шуд ёвару иқбол қарин гашт ба ман,
Он чи мехостам аз Ҳақ, ба дуо боз омад.
Дар талаб хаста шудам, боз ба дармон рафтам,
Рафтам аз хеш, ки он коркушо боз омад.
Шод мебош, Вазиро, ки чунин шоҳи ҷаҳон
Баҳри пурсидани аҳволи гадо боз омад.

Адабиёт вироиш

  • تذکرۀ شعرای پنجاب. کراچی، ۱۹۶۸؛ شمس الدین سامی. قاموس الاعلام، ستنبل. ۱۸۸۹

Сарчашма вироиш