Вазирӣ (форсӣ: وزیری ‎) — бузургтарин китобхонаи ноҳияи марказӣ ва ҷануби Эрон, ки соли 1956 м. бо эҳдои 1600 китоби дастнавису чопии шахси маъруф Алимуҳаммади Вазирӣ дар даҳлези шимолии масҷиди ҷомеи Язд бунёд гардидааст. Ҳоло ин китобхона дар шумори даҳ китобхонаи бузурги Эрон қарор дорад (масоҳаташ 600 м2). Дар ин китобхона илова бар бисёр нусхаҳои дастнависи нафиси Қуръон, китобҳои илмии хаттӣ, ба монанди «Тафсири Абулфатҳи Иҷлӣ» (ба хатти муаллиф) ва «Нузҳату-л-анфус»-и Ироқӣ, китобҳои хаттии дигар дар соҳаи тиб, илми аъдод, девони хаттии шоирон, ба вижа осори шоирону нависандагони Язд, дастнависи мутафаккирони бузург, монанди Аллома Ҳасан ибни Юсуфи Ҳиллӣ, Шайх Баҳоӣ, Мулломаҳдии Нароқӣ, инчунин теъдоде маншуру фармони подшоҳон, асноду қаболаҳову наққошиҳои қадимӣ вуҷуд доранд. Дар китобхона маҷмӯан 150 ҳазор ҷилд осори дастнавису чопӣ ва беш аз 5 ҳазор нашрия нигаҳдорӣ мешавад.

Адабиёт вироиш

* دائرۃ المعاف کتابداری و اطلاع رسانی. تهران،۱۳۸۰ هـ. ش

Сарчашма вироиш