Вазифаи хизмати ҳарбӣ

Вазифаи хидмати ҳарбӣ — яке аз вазифаҳои конститутсионӣ буда, аз шаклҳои асосии иҷрои он ҳидмати ҳарбӣ мебошад, ки тартиби онро қонун муқаррар кардааст. Тибқи қонун шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват синнашон ба 18-солагӣ расидааст, ба хидмати мӯҳлатноки ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Хидмати ҳақиқии ҳарбӣ аз вақти савгандёдкунӣ оғоз меёбад. Дар савганди ҳарбӣ тайёр будани ҳар як хидматчии ҳарбӣ ба ҳифзи Ватан, ҳимояи истиқлолу амнияти он ботантана ифода ёфтааст. Мувофиқи қонун шаҳрвандони солим, ки синну солашон муносиби хидмати ҳарбианд, вазифадоранд, ки бо даъвати комиссариати ҳарбӣ ба маҳалли даъват барои сабти ном, гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва фиристодан барои таълим дар бобати гирифтани ихтисоси ҳарбӣ, даъват ба хидмати ҳарбӣ ва ҷамъомадҳо ҳозир шаванд. Ба хидмати ҳарбӣ асосан ҷавонписарон даъват карда мешаванд.[1]

Нигаред низ вироиш

Ҳуқуқэҷодкунӣ

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.112