Вазифаи хонагӣ — шакли муайяни кори мустақилонаи талаба, супоришҳои таълимие, ки омӯзгор ба талабагон барои иҷрои мустақилона дар хона медиҳад.

Вазифаи хонагӣ давоми кори синфист. Омӯзгор мавзӯи нав, қоида, теорема ва амсоли инҳоро ба талабагон фаҳмонда, шарҳу эзоҳ медиҳад, мисол ва масъалаҳоро ҳал мекунад (кори синфӣ) ва ба талабагон супориш медиҳад, то онҳо дар хона бо истифода аз китобҳои дарсӣ мавзӯъро мустақилона хонанд (таҳлил ва нақл карда тавонанд), машқҳоро иҷро кунанд, мисол ва масъалаҳоро ҳал намоянд. Дар вақти супоридани вазифаи хонагӣ талаботи зерин бояд риоя карда шаванд: ба назар гирифтани дониш, қобилият, пешрафти гурӯҳ ё талабагони алоҳида; сари вақт супоридани Вазифаи хонагӣ ва фаҳмондани тарзи иҷрои он; дастрасу фаҳмо будани вазифаи хонагӣ ба аҳли синф ва мустақилона иҷро карда тавонистани он дар шароити хона; ба ҳисоб гирифтани вақти иҷрои вазифаи хонагӣ; ба эътибор гирифтани вақти умумӣ барои иҷрои вазифаи хонагӣ аз ҳамаи фанҳои таълимӣ; риоя намудани ҳаҷми (меъёри) вазифаи хонагӣ ва ғ.

Волидайни талабагон низ дар иҷрои Вазифаи хонагии фарзандонашон масъуланд. Онҳо бояд дар хона барои иҷрои Вазифаи хонагӣ шароити мусоид фароҳам оваранд; таҷҳизоти зарурӣ, маводди таълимӣ, аз ҷумла китобҳои дарсӣ, бадеӣ, луғатҳои гуногун ва фазои оромро муҳайё намоянд. Калонсолону рафиқон набояд ба ҷойи талаба Вазифаи хонагиро ҳал кунанд. Онҳо метавонанд ба ӯ тарзи дурусти мустақилона иҷро намудани Вазифаи хонагиро фаҳмонанд.

Мувофиқи талаботи дидактикӣ ба талабагони синфи якум Вазифаи хонагӣ супорида намешавад. Дар баробари зиёд шудани ҳаҷми ахбори фаннӣ ва мураккабгардии маводди таълимӣ вақти иҷрои Вазифаи хонагӣ метавонад то 3,5-4 соат расад. Вақти иҷрои вазифаи хонагӣ бояд бо дараҷаи охирини фаъолияти фикрии талаба мувофиқат кунад. Барои кӯдаконе, ки дар басти якум таҳсил менамоянд — аз соати 15 ва барои талабагони басти дуюм — аз соати 9 иҷрои супориши вазифаи хонагӣ тавсия дода мешавад. Баъди 30-45 дақ. кор тақр. 10 дақ. танаффус кардан мувофиқи мақсад аст. Ин ба самаранокии иҷрои Вазифаи хонагӣ мусоидат мекунад. Ҳаҷми вазифаи хонагӣ аз ҷониби маъмурияти мактаб назорат карда мешавад, то ки сарбории зиёди таълимӣ пешгирӣ гардад. Баъди итмоми ҳар як чоряк ва дар охири соли таҳсил Вазифаи хонагии махсус дода мешавад. Вазифаи хонагӣ дар рӯзҳои истироҳат ва ид ба мактабиёни хурдсол дода намешавад. Ин ба фароғату истироҳат ва муоширати оилавӣ намудани кӯдакон имкон медиҳад. Вазифаи хонагӣ дар малакаи кори мустақилонаи фикрӣ кардан ва худназораткунии талабагонро ташаккул медиҳад.

Адабиёт

вироиш
  • Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. Д., 1988;
  • Қодиров Қ. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. Х. Вожаномаи тафсирии ислоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Д., 2008.