Вазифаи ҳифзи Ватан

Вазифаи ҳифзи Ватан — яке аз вазифаҳои асосӣ ва муқаддаси конститутсионии ҳар як шаҳрванд мебошад, ки тибқи он Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрвандро оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии онро муқаррар кардааст. Ҳар як давлат барои ҳимояи истиқлоли худ чораҳои ҷиддиро раво мебинад. Дар андешидани ин чораҳо шаҳрванд ҷузъи кулл ва субъекти фаъол буда, ҳам ба воситаи намояндагӣ ва ҳам бевосита дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи Ватан ва пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии он иштирок менамояд. Таъмини ин вазифа асосан ба дӯши Қувваҳои Мусаллаҳи ҳар як давлат гузошта мешавад. Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар бартараф кардани таҷовузи мусаллаҳонаи хориҷӣ, ҳимояи мусаллаҳонаи сарҳад, ташкил ва танзими мудофиаи қаламрав, иштироки он дар зада гардондани таҷовузи мусаллаҳонаи дигар давлат ё мувофиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ иҷро кардани вазифаҳои пойдор кардани сулҳу осоиш хеле калон мебошад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 110 -111