Вазифаи ҳифзи табиат

Вазифаи ҳифзи табиат - яке аз вазифаҳои конститутсионӣ эълон карда шудааст, ки тибқи он ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс мебошад. Муқаррар шудани чунин вазифа асосан ба дарки хатари ҳақиқие, ки ба табиат ва муҳити атроф мерасад, вобастагӣ дорад. Инкишофу пешрафти илму техника баробари неъматҳои муфид, инчунин масъалаҳое ба вуҷуд оварда истодааст, ки онҳо ба насли инсон хатари калон доранд. Ғайр аз таъсири яроқи қатли ом, ҳодисаҳои садама, сӯхторҳо, зилзила, селоб ва ғ. ба сари одамон фалокатҳое мерасад, ки оқибати онҳоро танҳо бо натиҷаи ҷангҳои байни давлатҳо қиёс кардан мумкин аст. Ҳамаи ин натиҷаи бемасъулиятии одамон нисбат ба тақдири наслҳои оянда аст. Маҳз бо ҳамин сабаб ин вазифа хусусияти конститутсионӣ пайдо кард. Шаҳрвандон вазифадоранд, ки табиатро эҳтиёт намоянд, сарватҳои онро ҳифз ва талаботи қонунгузориро оид ба муҳофизати табиат риоя намоянд. Дар ҳолати вайрон кардани қонун ба шаҳрвандон ҷавобгарии ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст.[1]

Нигаред низ вироиш

Ҳуқуқэҷодкунӣ

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.111