Вазифаҳои мурофиаи судии гражданӣ

Вазифаҳои мурофиаи судии гражданӣ — бо мақсади муҳофизати сохти ҷамъиятӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми хоҷагӣ ва моликият, муҳофизатн ҳуқуқҳои сиёсӣ, меҳнатӣ, манзилӣ ва дигар ҳуқуқҳои шахсӣ ва молумулкӣ ва манфиатҳои бо қонун муҳофизатшавандаи шаҳрвандон, инчунин ҳуқуқҳо ва манфиатҳои бо қонун муҳофизатшавандаи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дуруст ва зуд дида баромадан ва ҳал кардани парвандаҳои гражданӣ вазифаи мурофиаи судии гражданӣ мебошад. Мурофиаи судии гражданӣ бояд ба таҳкими қонуният, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, барои дар рӯҳияи иҷрои бемайлони қонунҳо ва эҳтироми қоидаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ тарбия намудани шаҳрвандон мадад расонад.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 114