Вазни хос
Вазни хос — нисбати вазни ҷисм P ба ҳаҷми ишғолкардаи он V, яъне бузургии γ = P/V (γ - В. х.) мебошад.
Вазни хос бо муодилаи γ = pq (p – зичии модда, q – шитоби афтиши озод) низ муайян карда мешавад. Бар хилофи зичӣ, Вазни хос тавсифи физикию кимиёии модда будан наметавонад, зеро он ба қимати (нишондиҳандаи) q – и ҷойи андозагирӣ вобаста аст. Вазни хосро бо Н/м3 (системаи байналмилалии воҳидҳо, СИ), дин/см3 (системаи воҳидҳои СГС), кгс/м3 (системаи воҳидҳои МКГСС) чен мекунанд.
Сарчашма
вироиш- Вазни хос // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.