Вазни ҳиҷоӣ Вазни ҳиҷо, Ҳиҷо — дар илми адабиётшиносӣ яке аз навъҳои вазни шеър аст, ки дар он бо ҳам баробар омадани миқдори ҳиҷоҳо шарти асосӣ мебошад. Вазни ҳиҷоӣ нисбат ба вазни арӯз қадимӣ буда, осори пешин, мисли «Готҳо», «Яштҳо»-и Авесто, «Ёдгори Зарирон», «Дарахти асурӣ», «Суруди оташкадаи Каркуй» ба ин вазн суруда шудаанд. Ҳоло дар шеъри халқӣ дар баробари вазни арӯз аз Вазни ҳиҷоӣ низ фаровон истифода мешавад. Аксари шоирони халқӣ дар Вазни ҳиҷоӣ шеър мегӯянд. Ҳиҷо дар асоси ҳарфҳои садодор ба вуҷуд меояд. Миқдори ҳиҷоҳо дар калима ба миқдори садодорҳо баробар аст. Вазни ҳиҷоӣ нисбат ба истилоҳи «ҳиҷо» навтар аст. Он бори аввал дар китоби «Вазни манзумаи тоҷикӣ»-и Бектош дучор меояд. Вазни ҳиҷоӣ ба табиати забонҳое мувофиқ аст, ки ҷойи зада дар калимаҳои он забон муайяну мушаххас бошад. Забони тоҷикӣ аз ин дидгоҳ ба Вазни ҳиҷоӣ муносибу мувофиқ аст, зеро дар ин забон ҷойи задаи калима муайян (дар охир) аст. Баъди ихтирои илми арӯз Вазни ҳиҷоӣ маҳдуд шуда бошад ҳам, аз байн нарафт ва то имрӯз роиҷ аст. Имрӯз он бештар дар шеъри кӯдакон ба кор меравад, ки ба хусусияти синнусолии онҳо мувофиқ мебошад. Масалан:

Се-дух-та-ра-кон-бу-дем,
Ло-ла-чи-на-кон-бу-дем.

Дараҷаи истифодаи вазни арӯз ва Вазни ҳиҷоӣ ин ҳақиқатро собит кард, ки Вазни ҳиҷоӣ нисбат ба вазни арӯз имкони хеле ками вазнсозӣ дорад. Аз оғози пайдоишаш то имрӯз дар шеъри халқӣ ҳамагӣ ҳафт навъи Вазни ҳиҷоӣ (сеҳиҷоӣ, чорҳиҷоӣ, панҷҳиҷоӣ, шашҳиҷоӣ, ҳафтҳиҷоӣ, ҳаштҳиҷоӣ, нуҳҳиҷоӣ) маъмул буда, аз инҳо вазни ҳафтҳиҷоӣ васеътар ба кор бурда мешавад. Инак, чанд намуна аз ин вазнҳо:

Чорҳиҷоӣ:

Мехи зарин,
Таги замин.

Панҷҳиҷоӣ:

Офтоб баромад,
Ҷонам даромад.

Ҳафтҳиҷоӣ:

Осмон пури ситора,
Дастам пури пиёла.
Пиёлама чояш нест,
Дугонама хобаш нест.

               ***

Аз ин ҷо то ба Машҳад
Раги дастам мекашад.

Адабиёт

вироиш
  • Тоиров У. Анвоъ ва авзони шеъри халқии тоҷикӣ. Д., 2007.

Сарчашма

вироиш