Вазоифи сидодии андомгон

Вазоифи сидодии андомгон, вазоифии барйерии организм — фаъолияти муҳофизӣ, ки унсурҳои махсуси физиологӣ (ҳоилҳо) иҷро мекунанд.

Ҳоил (барйер)-ҳо андомгонро аз таъсири номусоиди муҳит ҳифз намуда, садди ба он ворид шудани бактерияву вирус ва моддаҳои зарарнок мегарданд, барои доимӣ нигоҳ доштани таркибу хосияти хун, лимфа ва моеи бофтаҳо мусоидат мекунанд. Ҳоилҳо берунӣ ва дарунӣ мешаванд. Ба ҳоилҳои берунӣ пӯст, узвҳои нафаскашӣ, узвҳои ҳозима, аз ҷумла ҷигар ва гурда мансубанд. Пӯст узвҳоро аз таъсири номатлуби муҳити зист ҳифз намуда, дар танзими ҳарорат ширкат меварзад, ба ворид шудани бактерияву заҳрҳо ба организм монеъ мешавад, ба ихроҷи маҳсули мубодилаи моддаҳо (мас., ба тавассути арақ) ёрӣ мерасонад. Дар роҳи нафас ҳаво аз гарду ғубор ва моддаҳои зарарнок тоза мешавад. Ғизо дар меъдаву рӯда барои ҳазм мувофиқ мегардад; маҳсули носолими гувориш, инчунин боде, ки дар рӯда ҳосил шудааст, бароварда мешавад. Ҷигар маводди заҳрнокеро, ки аз хӯрок ё дар рӯда ҳосил шуда ба хун гузаштааст, безарар мегардонад. Гурдаҳо хунро аз маҳсули ниҳоии мубодилаи моддаҳо тоза мекунанд. Луобпардаҳои ҷавфи даҳон, чашм, узвҳои таносул низ ба ҳоилҳои берунӣ мансубанд. Ҳоилҳои дарунӣ байни хуну бофтаҳо ҷойгиранд. Девораи мӯйрагҳо ҳоили асосианд. Бофтаҳои пайвандӣ, ташкилаҳои лимфавӣ ва баъзе ҳуҷайраҳои махсуси узву бофтаҳо низ вазифаи муҳофизатро иҷро мекунанд. Ҳамчунин ташкилаҳои махсуси ҳоил байни хуну силсилаи асабҳои марказӣ (ҳоили гематоэнсефалӣ), байни хуну бофтаҳои чашм (ҳоили гематоофталмӣ) ва байни хуну ғадудҳои таносул мавҷуданд. Ҳифзи ҷанин (нигар Ҳомилагӣ) ба ҳоили ҳамроҳак, ки байни организми модару ҷанин вуҷуд дорад, мансуб аст. Пардаву ташкилаҳои дохили ҳуҷайра низ, ки аз ғишои (парда) мураккаби сеқабата иборат буда, барои ҳифзи унсурҳои муҳимми ҳуҷайра пешбинӣ шудаанд, вазифаи ҳоилро иҷро мекунанд.

Ҳоилҳои дарунии ҳистогемӣ фаъолият ва қобилияти ба таъсироти зарарнок муқобилат кардани узвро муайян месозанд. Онҳо садди аз хун ба бофта интиқол ёфтани моддаҳои бегона гашта, таркибу хосияти муҳити ғизоии узвро танзим менамоянд. Чунончи, ҳангоми дар хун аз меъёр зиёд шудани ғилзати ягон модда миқдори он дар бофтаҳои узв мумкин аст бетағйир монад ё фақат андаке зиёд шавад. Баръакс, миқдори моддаҳои барои бофтаҳои узв муҳим, сарфи назар аз доимӣ ё ҳатто паст будани ғилзати он дар хун меафзояд. Ҳоилҳо аз хун моддаҳои заруриро гирифта, аз узву бофтаҳо маҳсули мубодиларо хориҷ мекунанд. Аҳаммияти ҳоилҳо хусусан дар ҳифзи андомгон аз таъсири ангезандаи бемориҳои гуногун бузург аст. Бактерияву вирус ва моддаҳои заҳрнок якҷо бо хун давр зада, мумкин аст боиси пайдоиши беморӣ гарданд. Сабаби ин асосан ба заифии муқобилати ҳоилҳо вобаста аст. Ҳоилҳои ҳистогемӣ ба таркибу хосияти муҳити дохилӣ мутобиқ мегарданд. Ин барои доимӣ нигоҳ доштани хосиятҳои физиологӣ ва биохимиявӣ, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳо муҳим аст. Ҳоилҳои ҳистогемӣ вобаста ба синну сол, таъсири асабу ҳормонҳо, ҳангоми таҳайюҷ ва боздории ташкилаҳои асаб, аз таъсири бехобӣ, гуруснагӣ, наркоз, ҳангоми баъзе бемориҳо ва майзадагӣ тағйир меёбанд. Баъзан бо мақсади муолиҷа муқобилати ҳоилҳоро ба таври сунъӣ зиёд ё кам мекунанд. Барои ин ба хун доруҳои кимиёӣ мегузаронанд, бо нурҳои рентген, ултрабунафш, инфрасурх таъсир мерасонанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш