Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорáти молия́и Ҷумҳури́и Тоҷикистóн — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия. Фаъолияти Вазорати молия аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. В. бар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди ҳуқуқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттилооти куллӣ
Кишвар
Қаламрави додрасӣ Тоҷикистон

Таъсис

вироиш

Таърихи ташаккули системаи молия дар кишвари мо бо таъсис ёфтани Комиссияи молияи Шӯрои депутатҳои аскарони уезди Хуҷанд бо ду шуъба – андоз ва тафтишот оғоз меёбад. Хазинаи уезд, ки то соли 1920 фаъол буд, ба шуъбаи молияи Шӯрои уезди Хуҷанд табдил гардид. Соли 1929 ин шуъба бо хазинаи даромад ва пардохт як карда шуд. Дар ин давра фақат ду намуди андоз – андози маҳаллии шаҳр аз амволи ғайриманқул ва андоз аз амволи ҷамъиятӣ мавҷуд буданд. Ин андозҳо дар волостҳо танҳо аз ашхоси доро ситонида мешуданд. Маблағҳои аз ин андозҳо ҷамъшуда барои маоши маъмурияти волост, милитсия, кормандони алоқа ва таъмини канселярияи Шӯро бо маводди зарурӣ сарф мегардид. Баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШСТ) сохтори муташаккилу бонизоми молия ба фаъолият шурӯъ намуд. 7 декабри 1924 Комиссариати халқии молияи ҶМШСТ бо қарори Кумитаи инқилобии ҶМШСТ таъсис ёфт. Аз моҳи октябри 1929, пас аз таъсиси ҶШС Тоҷикистон Комиссариати халқии молияи ҶМШСТ ба Комиссариати халқии молияи ҶШС Тоҷикистон табдил ёфта, вобастагии он аз буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хотима меёбад. 15 марти 1946 бо Қарори Шӯрои Олии ИҶШС Комиссариати халқии ҶШС Тоҷикистон ба Вазорати молияи ҶШС Тоҷикистон табдили ном кард. Дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон сохтори замонавии молиявӣ ташкил ёфта, дар давоми беш аз 70 сол рушду нумӯ кард ва ба ташаккули сохтори нави давлатдорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Моҳи июни 1992 бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Вазорати иқтисод ва савдо ва Вазорати молия, Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. 23 июни 1993 бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳу­рии Тоҷикистон Вазорати молия ҳамчун сохтори алоҳида ба фаъолият пардохт.[1]

Сохтори вазорат

вироиш

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ мақсаду вазифа ва уҳдадориҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан тағйир ёфта, системаи молияи давлатӣ мувофиқи сохтори нав ташкил карда шуд.

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

вироиш
  • Роҳбарият;
  • Сарраёсати буҷети давлатӣ;
  • Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ;
  • Сарраёсати хазинадории марказӣ;
  • Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузориҳои дороиҳои давлатӣ;
  • Сарраёсати сиёсати буҷети дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт;
  • Раёсати котибот;
  • Раёсати буҷети мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
  • Раёсати методологияи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит;
  • Раёсати аудити дохилӣ ва назорат;
  • Раёсати кор бо металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
  • Раёсати кадрҳо ва буҷети мақомоти молия;
  • Раёсати корҳо;
  • Раёсати мониторинги фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатӣ;
  • Шуъбаи ҳуқуқ;
  • Шуъбаи барномасозии компютерӣ ва иттилоот.

Сохтори идоракунии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

вироиш
  • Дастгоҳи марказӣ;
  • Сарраёсати молияи ВМКБ;
  • Сарраёсати молияи вилояти Суғд;
  • Сарраёсати молияи вилояти Хатлон;
  • Сарраёсати молияи Душанбе;
  • Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Нозироти давлатии иёргирӣ;
  • Хазинаи сарватҳои давлатӣ;
  • Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ;
  • Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда.

Ташкилоту муассисаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

вироиш
  • Муассисаи таълимии давлатии «Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон»;
  • Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии «Молия»; редаксияи маҷаллаи «Молия ва ҳисобдорӣ»;
  • Раёсати корҳои сохтмону таъмир ва хидматрасонӣ; Ширкати давлатии суғуртаи сармоягузории «Тоҷиксармоягузор»;
  • Матбааи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тилои Тоҷик»;
  • Маркази такмили ихтисос; КВД «Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байнибуҷетӣ»;
  • КВД «Маркази хидматрасонии маҳфуздорандаи ҳисобҳои молиявӣ»;
  • Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳқонӣ».

Бознигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Раҷабов А., Ғафуров А., Латифов Ҳ. Таърихи ташаккул ва рушди мақомоти молияи Тоҷикистон. Д., 2004;
  • Ташаккул ва рушди молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2012;
  • Шарифзода А. Оғози фатҳи қуллаҳо // Молия ва ҳисобдорӣ. №2, 2014;
  • Назриева М. Вазъи макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 // Молия ва ҳисобдорӣ, №2 2014. 

Сарчашма

вироиш
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 3. БОЗ-ВИЧКУТ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2014, - с.390-395-