Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорáти саноáт ва технологияҳóи нави Ҷумҳури́и Тоҷикистóн — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав. Фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон медиҳад.[1]
Иттилооти куллӣ | |
---|---|
Кишвар | |
Қаламрави додрасӣ | Тоҷикистон |
Роҳбарӣ | |
Масъули иҷроия | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Вазир | Шералӣ Кабир |
Вебгоҳ | sanoat.tj |
Таъсис
вироишДар асоси банди 5-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 № 12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, муқаррар карда шуд, ки вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи собиқ 16 вазорату идораҳои соҳавӣ таъсис дода шудааст. Номгӯи мухтасари ин вазорату идораҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки сохтори идоракунии саноат, тайи 10-12 соли охир то кадом андоза такмил ёфтааст:
- Вазорати саноати сабук;
- Вазорат оид ба корҳои саноат ва захираҳои ашёӣ;
- Вазорати саноати маводи сохтмон;
- Вазорати саноати маҳаллӣ;
- Вазорати хидмати маишӣ;
- Кумитаи саноати хӯрокворӣ ва коркард;
- Кумитаи саноати гӯшту шир;
- Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ;
- Кумитаи металлҳои қиматбаҳо;
- Кумитаи саноати мудофиа;
- Кумитаи давлатӣ оид ба корҳои саноат;
- Ширкати давлатӣ оид ба молҳои ниёзи мардум ва хидматрасонӣ.
Ваколатҳо ва вазифаҳои 12 вазорату идораҳои собиқ дар самти пешбурди сиёсати саноат имрӯз ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.[2]
Сохтор
вироиш- Раёсати саноати хурокворӣ
- Раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо
- Раёсати масолеҳи сохтмон
- Раёсати саноати сабук ва пилла
- Раёсати саноати ангишт
- Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия
- Раёсати иҷозатномадиҳӣ
- Раёсати иқтисод ва дурнамо
- Раёсати муҳосиба ва корҳо
- Раёсати технологияҳои нав
- Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ
- Шуъбаи муассисаҳои илмию таълимӣ
Роҳбарият
вироиш- Вазир-Шералӣ Кабир
- Муовини якум-Қурбонзода Исоҷон Ятим
- Муовини вазир-Сафарзода Бахтиёр
- Муовини вазир-Назар Азиз
Бознигаред
вироишПайвандҳо
вироишАдабиёт
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 3. БОЗ-ВИЧКУТ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2014, — с.387-
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19 ноябри соли 2013, № 12