Вазъдад
Вазъдад, вазъдиҳӣ, юстировка (аз олмонӣ: justieren «андозагирӣ кардан») — маҷмӯи амалиёт барои ба ҳолати корӣ овардани васоити ченкунанда, асбобҳои санҷишӣ, андозагирӣ ё оптикӣ, механизму қисмҳои онҳо, ки саҳеҳӣ (дурустӣ) ва боэътимодии кори онҳоро таъмин менамоянд.
Ҳангоми В. ҳолати васоити ченкунандаро меозмоянд, бо ёрии печмех (винт), ҷузъ (детал, прокладка) ва дигар олот нисбат ба ҳамдигар дуруст ҷойгир шудани қисму гиреҳҳои асбобро ба танзим медароранд, ба тавассути ҳамворкунӣ, соишдиҳӣ, созкунӣ нақсҳоро бартараф менамоянд, баъзе қисмҳоро иваз мекунанд. В.-и асбобҳои оптикӣ аз ҳаммарказкунонии ҷузъҳои он (линзаҳо, маншурҳо, оинаҳо) иборат аст, ки ба воситаи батанзимдарории ҷойгиршавии ин ҷузъҳо нисбати ҳамдигар ба даст меояд. Баъди В. ҷузъҳои асбоби оптикиро бо печмех, пайвандак (штифт), ширеш устувор (ноҷунбон) мекунанд. Асбобҳои оптикӣ, одатан, қисмҳое доранд, ки бо ёрии онҳо вазъ ва устувории ҷузъҳои оптикиро ҳангоми В. ба танзим медароранд. В.-ро дар техника барои ба ҳолати корӣ овардану таъмин намудани саҳеҳияти дастгоҳҳо (механизмҳо) ё ҷузъҳои онҳо, дар сохтмон барои қад-қади самти даркорӣ баробар кардани ҷузъҳои бино (бом, сутун, поя ва ғайра) ва зери кунҷи зарурӣ гузоштани онҳо, дар чопгарӣ (полиграфия) барои санҷишу мувофиқсозии андозаи ҳарфу расмҳо (клишеҳо), дар сикказанӣ барои тафтиши ғафсии тангаҳо ва дигар соҳаҳо истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Вазъдад // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.