Вазъии Шерозӣ
Вазъии Шерозӣ (форсӣ: وضعی شیرازی; асри 16) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишБо номи Мулло Поянда низ маъруф будааст. Тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» аз ӯ чун шахси таҳсилкарда, дар шеър шогирди Қозӣ Подшоҳи Шерозӣ ёд кардааст (ин шахс, аслан аз Мовароуннаҳр, аз авлоди Мавлоно Хоҷагии Косонӣ будааст). Шеърро, махсусан, ғазалро бисёр некӯ мегуфтааст. Абёти зерин аз ӯст:
Ошиқ он аст, ки ҳаргиз дами беғам назанад,
Ҷон ба ҳасрат диҳаду хун хураду дам назанад.
Ҳамчу Айюб ниҳад пой ба майдонгаҳи сабр,
Тан ба кирмон диҳаду даст ба марҳам назанад.
Ҳар кӣ як дам зи майи ишқ чашад, бошад аз ӯ
Пирзоле беҳ, агар бар сафи Рустам назанад.
Кай шунидем дилеро, ки зи кайфияти ишқ
Масту мадҳуш шуда, таъна ба олам назанад.
Ҳамчу Вазъӣ шав, агар ошиқи содиқ бошӣ,
Ки вай аз ишқи бутон ҷон диҳаду дам назанад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вазъии Шерозӣ / У. Каримов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.