Вазъият (адабиёт)

(Тағйири масир аз Вазъият)

Вазъият (ар. وضعیت‎ ‒ аҳвол, ҳолат, сурати ҳол) — ҳолатест, ки дар натиҷаи муносибат ва муборизаи иштироккунандагони асари бадеӣ дар лаҳзаҳои гуногун ба вуҷуд меояд.

Ин гуна ҳолат дар асари бадеӣ, одатан, баъд аз сар задани ягон ҳодисаи муҳим ё шунидани хабари ғайричашмдоште воқеъ мешавад. Чунин ҳолатҳо дар қиссаи устод Айнӣ «Марги судхӯр» ба назар мерасанд. Дар ин асар ҳар гоҳ ки хасисии қаҳрамони асосии он — Қорӣ-Ишкамба равшантар намоён шавад, ҳамон андоза вазъияти хандаоваре ба миён меояд. Ё худ, вақте ки Мирзо Абдулло пули Қорӣ-Ишкамбаро гирифта, баъд ҳатто дар ҳузури шоҳидон мункир шуд, ӯ дар вазъияти ниҳоят ногувор монд. Дар охирин лаҳзаҳои қисса низ, ҳангоме ки дар миёни ҷамоати намозхонон хабари аз ҷониби болшевикон гирифта шудани бонкро мешунавад, ба вазъияти даҳ­шатноке афтода, дар миёни ҷамъ «Воҳ, пулакам!» гуф­та ҷон медиҳад. Дар адабиёти аврупоӣ истилоҳи «ҳолати риққатангез, саҳнаи риққатангез» низ маъмул аст, ки дар забони юнонӣ ба маънии ранҷҳо, масоиб ва умуман эҳ­сосоти амиқи равонӣ аст. Аммо дар нақди адабии нави аврупоӣ ҳолати риққатангез дар маънои маҳдудтар ба саҳна ё матне итлоқ мешавад, ки ҳадаф аз он барангехтани эҳсосоти латиф, ҳасрат ё андӯҳи ҳамдардонаи мухотаб — хонанда ё шунаванда мебошад. Ин гуна ҳолатҳо дар драмаи «Эдип»-и Софокл ё саҳнаҳои драмаҳои Шекспир, чун «Шоҳ Лир», «Отелло» ва ғ. ба назар мерасанд. Дар адабиёти рус ба вазъияти но­ҳинҷор афтодани қаҳрамонон дар мазҳакаи Н. вазъият Гогол «Муфаттиш», баъди огаҳӣ ёфтани онон аз муфаттиши ҳақиқӣ рӯй медиҳад. Дар адабиёти форс-тоҷик ин гуна ҳолот ва саҳнаҳо дар достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ зиёданд. Ба монанди лаҳзаи марги Суҳроб ба дасти Рустам ва огоҳӣ ёфтани Рустам аз писари ӯ будани Суҳроб, шикваи Рустам аз замона ва зимомдорони давр, нолаи Таҳмина, ки ҳолатҳои бисёр ғамангез ва риққатовар мебошанд.

Адабиёт

вироиш