Вазъият (адабиёт)
Вазъият (ар. وضعیت ‒ аҳвол, ҳолат, сурати ҳол) — ҳолатест, ки дар натиҷаи муносибат ва муборизаи иштироккунандагони асари бадеӣ дар лаҳзаҳои гуногун ба вуҷуд меояд.
Ин гуна ҳолат дар асари бадеӣ, одатан, баъд аз сар задани ягон ҳодисаи муҳим ё шунидани хабари ғайричашмдоште воқеъ мешавад. Чунин ҳолатҳо дар қиссаи устод Айнӣ «Марги судхӯр» ба назар мерасанд. Дар ин асар ҳар гоҳ ки хасисии қаҳрамони асосии он — Қорӣ-Ишкамба равшантар намоён шавад, ҳамон андоза вазъияти хандаоваре ба миён меояд. Ё худ, вақте ки Мирзо Абдулло пули Қорӣ-Ишкамбаро гирифта, баъд ҳатто дар ҳузури шоҳидон мункир шуд, ӯ дар вазъияти ниҳоят ногувор монд. Дар охирин лаҳзаҳои қисса низ, ҳангоме ки дар миёни ҷамоати намозхонон хабари аз ҷониби болшевикон гирифта шудани бонкро мешунавад, ба вазъияти даҳшатноке афтода, дар миёни ҷамъ «Воҳ, пулакам!» гуфта ҷон медиҳад. Дар адабиёти аврупоӣ истилоҳи «ҳолати риққатангез, саҳнаи риққатангез» низ маъмул аст, ки дар забони юнонӣ ба маънии ранҷҳо, масоиб ва умуман эҳсосоти амиқи равонӣ аст. Аммо дар нақди адабии нави аврупоӣ ҳолати риққатангез дар маънои маҳдудтар ба саҳна ё матне итлоқ мешавад, ки ҳадаф аз он барангехтани эҳсосоти латиф, ҳасрат ё андӯҳи ҳамдардонаи мухотаб — хонанда ё шунаванда мебошад. Ин гуна ҳолатҳо дар драмаи «Эдип»-и Софокл ё саҳнаҳои драмаҳои Шекспир, чун «Шоҳ Лир», «Отелло» ва ғ. ба назар мерасанд. Дар адабиёти рус ба вазъияти ноҳинҷор афтодани қаҳрамонон дар мазҳакаи Н. вазъият Гогол «Муфаттиш», баъди огаҳӣ ёфтани онон аз муфаттиши ҳақиқӣ рӯй медиҳад. Дар адабиёти форс-тоҷик ин гуна ҳолот ва саҳнаҳо дар достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ зиёданд. Ба монанди лаҳзаи марги Суҳроб ба дасти Рустам ва огоҳӣ ёфтани Рустам аз писари ӯ будани Суҳроб, шикваи Рустам аз замона ва зимомдорони давр, нолаи Таҳмина, ки ҳолатҳои бисёр ғамангез ва риққатовар мебошанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вазъият / М. Низомов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.