Вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон

Вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандонҷиноят ба муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд буда, дар м. 143 КҶ ҶТ пешбинӣ гардида, дар бевоснта ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардаии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавкси шахсӣ, амволӣ ё мансабй, маҳалли истиқомат, муносибат ба дин, ақида, марбут будан ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар расонидааст, ифода меёбад. Принсипи баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар м. 17 Конститутсияи ҶТ зикр гардидааст. Вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон мумкин аст дар махдуд намудани ҳуқуқи шаҳрвандон вобаста ба нажод, миллат, ҷинс, забон ва г., новобаста аз ин ё он хусусияҳои фардии шахс ифода ёбад, масалан, бо назардошти миллат додани имтиёз ба шаҳрвандон ҳангоми қабул кардан ба кор, таҳсил, ҳангоми озод намудан аз кор, ҳангоми додани манзил, мукофот ва г. Вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳолатҳое ҷиноят эътироф мешавад, ки агар дар натиҷаи он ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар расида бошад. Муқаррар намудани робитаи сабабии байни кирдор ва зарари расонидашуда ҳатмй аст. Тарафи субъективии ҷиноят бо гуноҳи қасдона тавсиф мегардад. Субъекти ҷиноят ҳама гуна шахсн воқеии мукаллафи ба синни 16-солагӣ расида шуда метавонад. Дар қисми 2 м. 143 КҶ ҶТ ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷинояти мазкур пешбинӣ гардидааст, яъне агар вайрон кардани баробарҳуқукии шаҳрвандон аз ҷониби шахс;

  • а) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
  • б) бо истифодаи мақоми хизматиаш содир шуда бошад.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 117