Вайсӣ
Вайсӣ و يسی (фавт 1863), шоири тоҷик. Фарзанди Маликулкалом мулло Саъдуддини Моҳир. Тазкиранигор Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар «Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкиратил-асҳоб» Вайсиро шоири ҷавони донишманд, таҳсилдида, донандаи забони арабӣ ва дар шоирӣ, махсусан, сурудани қасида, соҳибмаҳорат гуфтааст. Дар ҷавонӣ аз олам гузаштааст. Вайсӣ яке аз пайравони бомуваффақи Мирзо Абдулқодири Бедил буд. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо ва баёзҳои садаи XIX сабт гардидаанд.
Абёти зерин намунае аз ашъори ӯст:
- Чанд рӯзе тарк кардам дарсу хӯрду хобро,
- То ба даст орам китоби «Равзату-л-аҳбоб»-ро,
- Мақсадам як мақсадаш буду валекин карда тай
- Баҳри як бобаш ба фасле сад ҳазорон бобро.
- Қуввати он не, ки бар мақсад расам якборагӣ,
- Не димоғи он, ки миннаткаш шавам куттобро.
- Бартапидам з-эҳтиёҷу оқибат бигдохтам,
- Об мегардад, намонад сим агар симобро...
Адабиёт
вироиш- Ганҷи Зарафшон. Д., 1991.
Сарчашма
вироиш- Вайсӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |