Вайшишека
Вайшишека (санскр. аз visesa – фарқият, хусусият), яке аз мактабҳои фалсафии Ҳинди Қадим, ки дар садаи V то м. арзи вуҷуд намудааст.
Муассисаш Канада буд (номи дигараш Улука), ки китобе бо номи «Вайшешика – Сутра» навишт ва бори аввал бо як низоми муайян назарияи В.-ро ба таври муфассал баён намуд. В. нуфузи ғояҳои Ведаҳоро дар назарияи худ эътироф намуда, дар айни ҳол, манбаъҳои дигар, аз қабили «Падартҳа–Дҳарма–санграҳа»-и Пришастапада, осори Удаяна, Шридҳара, Валдабҳаҷараро низ асоси таълимоти худ қарор додааст. Дар ибтидо Вайшишека ба няя қаробат дошт, вале минбаъд бо он омезиш пайдо карда, ҳар ду як мактаби фалсафиро ташкил доданд. Мувофиқи таълимоти ин мактаби фалсафӣ 7 навъи воқеият вуҷуд дорад, ки ҳар кадоми онҳо объекти маърифати инсонӣ ба шумор мераванд. Аз ин 7 навъи воқеият 6-тояш (ҷавҳар, сифат, амал, умумият, фардият ва хосият) мусбат буда, як навъи он (нестӣ) манфӣ мебошад. Ҷавҳар дар 9 шакл зоҳир мешавад, ки 5 шакли он (хок, об, оташ, бод, асир) аносири табиӣ буда, тавассути ҳисси инсонӣ дарк хоҳанд шуд, вале 4 шакли дигари он (садо, ягонагӣ, абадӣ ва фарогиранда – макон, замон, ҷон) бо эҳсоси зоҳирӣ даркшаванда намебошанд ва онҳоро эҳсоси ботинӣ дарк хоҳад кард. Дар таълимоти Вайшишека 24 навъи сифат (араз) ҳамчун муайянкунандаи табиати ашё ва ҳомили ҷавҳар мавриди баррасӣ қарор гирифта, навъҳои гуногуни ҳаракати ҷисмонӣ, аъмол ва умумияту фардият дар фаъолияти инсон шарҳ дода шудаанд. Бахши муҳимми таълимоти Вайшишека назарияи атомҳо (ҳастаҳо, заррот) мебошад. Дар он аз ҳамон қисмати Коинот сухан меравад, ки аз унсурҳои ҷисмонӣ таркиб ёфта, мавриди кавну фасод қарор мегиранд. Олам аз атомҳо таркиб ёфта, муҳаррики он Худоест, ки тибқи қонуни карма амал мекунад. Ба ақидаи Канада, ҷаҳон пур аз зарроти дидашашаванда ва ғайримутаҳаррик буда, тамоми ҷисмҳо аз иттисоли зарроти мазкур бо якдигар ба вуҷуд омадаанд. Ҷисм гарчи пас аз марг муталошӣ мешавад, ҳаргиз нест намешавад, ҷузъҳои муталошии он бори дигар бо ҳам муттасил шуда, ҷисми дигареро ташкил медиҳанд ва ин ҳодиса дар олами Коинот ба таври доимӣ ҳукфармост. Вайшишека бар хилофи няя, арзиши таълимоти пешиниёнро барои илм эътироф накарда, доираи маърифатро бо идроку ишроқ, хулосаҳои мантиқӣ ва хотира маҳдуд месохт. Мувофиқи таълимоти ахлоқии Вайшишека инсон мавҷуди мухтор ва зотан на хубу на бад аст, лекин чун ба бадӣ гарояд, ба мартабаи пасти ҳайвонӣ таназзул мекунад ва агар рӯ ба хубӣ орад, ба мартабаи малакутӣ мерасад. Вайшишека меъёри фарқи байни неку бадро ба завқу салиқаи инсон вобаста медонад, зеро як амал аз назари як фард нек ва аз назари фарди дигар бад буда метавонад. Пайравони В. қонунҳои объективии табиату ҷамъиятро ба назар намегиранд.
Адабиёт
вироиш- Муҳаммад Рашшод. Фалсафа аз оғози таърих. Ҷ. 1. Д., 1995;
- Степанянц М. Т. Философия Востока. Т. 1. М., 2001;
Сарчашма
вироиш- Вайшишека // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |