Вакилуссалтана, вакилуддавла — яке аз мансабҳои дарбории Сафавиён, Афшориён ва Темуриёни Ҳинд, ки ҳангоми хурдсолии шоҳзодагон умури идорӣ, молӣ, низомии кишварро ба уҳда дошта, шахсони ба худаш наздикро ба мансабҳои олӣ таъйин мекард.

Вакилуссалтана ба ҷойи мансаби вазир дар низоми девонсолории Сафавиёни Эрон роиҷ гардида, дар умури идории кишвар бештари ваколатҳои онро дошт. Дар таърихи Эрон бори аввал барои хотима додан ба хусумати туркҳои қизилбош ва тоҷикон ба ҷойи маснади вазирӣ Исмоили Сафавӣ мансаби нафси нафиси ҳумоюнро созмон дод, ки онро В. ҳам мегуфтанд. Вакилуссалтана дар давраи Сафавиён ҳамчун ноиби шоҳ амал мекард. Нуфузи Вакилуссалтана дар замони ҳукмронии шоҳ Таҳмосп коҳида, баъдан дар давраи ҳукмронии шоҳ Аббоси I қудрати сиёсиашро комилан бохт. Мансаби Вакилуссалтана дар дарбори Темуриёни Ҳинд пас аз вафоти Ҳумоюн падид омада, Байрамхон муддати чор солу ду моҳ Вакилуссалтанаи шоҳзода Акбаршоҳ буд. Мансаби Вакилуссалтана баъдан бо тақлид аз низоми девонсолории дарбори Эрон ба дарбори сулолаҳои мусулмони Дакани Ҳинд – Баҳманшоҳиён, Одилшоҳиён, Қутбшоҳиён, Низомшоҳиён роҳ ёфт.

Сарчашма

вироиш