Ваколати вогузоршаванда

Ваколати вогузоршаванда — ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии болоӣ мебошад, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар асоси шартномаи тарафҳо ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор вогузошта мешавад.

Дар қонунҳои дар даҳсолаи охир қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳо дар бораи Ваколати вогузоршаванда пайдо шудаанд. Гарчи дар таҷрибаи фаъолияти мақомоти олии иҷроия ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ихтиёри мақомоти поёнӣ вогузор кардани иҷрои баъзе Ваколатҳои мақомоти болоӣ қаблан ҷой дошт, аммо дар қонунҳо таърифи ин мафҳум дода намешуд.

Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» (2004) шарҳи мафҳуми Ваколати вогузоршаванда дода шудааст. Ҳамчунин дар моддаи 21 Қонуни конститутсионии мазкур муқаррар карда шудааст, ки Раисони ВМКБ, вилоятҳо ва ш. Душанбе татбиқи баъзе Ваколатҳои худро ба раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо вогузор менамоянд. Таърифи Ваколати вогузоршаванда дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» (2009) дода шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон». Д., 2001;
  • Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ». Д., 2004; Имомов А. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2007;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот». Д., 2009

Сарчашма

вироиш