Ваколати истисноӣ
Ваколати истисноӣ — тибқи қонун ба мақомоти намояндагии олӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тааллуқ дорад. Ба иҷрои ин гуна ваколат худи мақомоти дахлдори дар Конститутсия ва қонунҳо муайяншуда масъул мебошад. Масалан, Ваколати таъйини раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон В.-и хосси Маҷлиси намояндагон мебошад. Тағйири Ваколати истисноӣ бо роҳи дохил кардани тағйирот ва илова ба Конститутсия ё қонуни дахлдор сурат мегирад.
Адабиёт
вироиш- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон». Д., 2001;
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ». Д., 2004; Имомов А. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2007;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот». Д., 2009
Сарчашма
вироиш- Ваколат // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.