Ваколатҳои намояндагони судӣ
Ваколатҳои намояндагони судӣ - намояндагони судӣ дорои вақолатҳои васеъ дар мурофиаи гражданӣ мебошанд. Онҳо дар қатори шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқҳои мурофиавии умумӣ доранд. Мисол, ҳуқуқ ба шинос шудан бо маводи парванда, аз онҳо иктибосҳо навишта гирифтан, нусхабардорй намудан, изҳори рад кардан, далелҳо пешниҳод намудан, дар тадқиқи далелҳо иштирок кардан, ба шахсони дигари иштирокчии парванда, шоҳидон ва экспертҳо савол додан, дархост овардан, ба суд баёнотҳои даҳонӣ ва хаттm додан, аз рӯи тамоми масъалаҳое, ки дар рафти мурофиаи суд ба миён меоянд, далелҳо ва фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намудан. Дар асоси ваколатномаи махсус намояндагони судӣ метавонанд ҳуқуқҳои мурофиавие пайдо намоянд, ки асосан ба ихтиёрдорй намудани даъво шомиланд.
Ба ин ҳуқуқҳои мурофиавӣ дохил мешаванд:
- ҳуқуқ ба пурра ё қисман даст кашидан аз даъво,
- тағйир додани предмети даъво,
- эътирофи даъво,
- бастани созиши оштишавй,
- ба шахси дигар супурдани ваколатҳо,
- пешниҳоди варақаи иҷрокунй барои ситонидан,
- гирифтани молу мулк ё пули қарор кардашуда,
- ба баррасии суди ҳакамӣ пешниҳод намудани кор,
- инчунин овардани шикоят нисбат ба санади судй.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 117