Ваксинашифоӣ
Ваксинашифоӣ — муолиҷа бо ваксинаҳо. Аз Ваксинашифоӣ асосан ҳангоми табобати бемориҳои сироятӣ истифода менамоянд.
Ваксинашифоӣ неруи муҳофизии андомгонро тақвият дода, ҷараёни ташаккули подтан (антитела)-ҳо ва фагоситозро метезонад, иммуноглобулину ферментҳоро меафзояд. Ваксинашифоӣ хосса барои табобати бемориҳои музмин муфид аст. Ҳангоми Ваксинашифоӣ штаммҳои беҷон (микроорганизм)-ҳо ва подгун (антиген)-ҳои ҷудогона (vi-подгунҳо)-ро кор мефармоянд. Барои муолиҷаи исҳоли хунин гоҳе ваксинаи зинда низ истифода мешавад. Хосса ваксинаҳое, ки аз штамми ангезандаи худи бемор ҷудо карда шудаанд (аутоваксинаҳо), самараи бештар доранд. Бо Ваксинашифоӣ ба бемориҳои брутселлёз (ба варид, дарун ва зери пӯст, дохили мушак), исҳоли хунин (зери пӯст, аз даҳон), туляремия (зери пӯст), сурфакабудак (зери пӯст), домана (зери пӯст), амрози стафилококкӣ ва стерптококкӣ дармон мебахшанд. В.-ро, одатан, якҷо бо дигар доруҳо, мас., бо антибиотикҳо кор мефармоянд. Вақти Ваксинашифоӣ эҳтимол аст аксуламалҳои гуногун ба амал оянд. Ҳарорат баланд шуда, табларза ва сустию беҳолӣ ба вуҷуд меояд, сар ва устухону мушакҳо дард мекунад. Ҳангоми муолиҷаи исҳоли хунин дарди рӯдаҳо авҷ гирифта, пасафканд хунолуд мешавад. Ин ҳама нишонаи натиҷаи мусбат додани муолиҷа аст. Ҳангоми ҷой доштани бемориҳои силсилаи дилу рагҳо, гурда ва ҷигар истифодаи Ваксинашифоӣ номатлуб аст.
Сарчашма
вироиш- Ваксинашифоӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |