Варзишгоҳи Душанбе
варзишгоҳи сохташудаистода дар Душанбе
Варзишгоҳи Душанбе — варзишгоҳи футболбозиест, ки дар кӯчаи Низомӣ Ганҷавии ноҳияи Синои шаҳри Душанбеи Тоҷикистон сохта шуда истодааст, ки 30 000,нафарро ҷой карда метавонад[2].
Номи пурра | Варзишгоҳи «Душанбе» |
---|---|
Мавқеъ | Тоҷикистон,Душанбе |
Шурӯъ ба сохтмон | 2019[1] |
Молик | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зарфият | 30 000 |
Навъи замин | сабза |
Варзишгоҳ дар масоҳати беш аз 9 гектар (22 гектар) бо шароити муосир барои баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангӣ сохта мешавад. Масоҳати майдони футбол 105 ба 68 метр хоҳад буд. Варзишгоҳ аз чор минбар иборат буда, дар ду зина ҷойгир карда мешавад.
Дар ҳудуди варзишгоҳ сохтмони иншооти ёрирасон, аз қабили лифт, зеристгоҳи барқӣ, ҳавзи сӯхторхомӯшкунӣ ва таваққуфгоҳ барои 2000 мошин пешбинӣ шудааст. Барои меҳмонон сохтани утоқҳои алоҳида бо ҳамагӣ 448 ҷой, роҳравҳо дар баландии беш аз 9 метр ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.