Варрант - номи ҳуҷҷат аст. Дар мавриди ҷой доштани шартномаи нигаҳдошт дар анбори мол (як намуди шартномаи нигаҳдошт аст), анбори мол барои тасдиқи ҷой доштани шартнома чунин ҳуҷҷат - шаҳодатномаи дугонаи анборро медиҳад, ки аз шаҳодатномаи анбор ва шаҳодатномаи гарав (варрант) иборат аст. Ин ҳуҷҷатҳоро аз ҳамдигар ҷудо кардан мумкин аст. Дорандаи шаҳодатномаи анбор ва гарав ҳуқуқ дорад дар ҳаҷми пурра моли дар анбор нигаҳдошташавандаро ихтиёрдорй намояд. Дар ҳар қисми шаҳодатномаи дугона чунин маълумот бояд зикр карда шавад: ном ва сурогаи анборе, ки молро барои нигаҳдошт қабул кардааст; рақами ҷории шаҳодатнома тибқи феҳристи (реестри) анбор; номи ташкилот ва гражданине, ки аз онҳо мол қабул карда шудааст ва инчунин маҳалли ҷойгиршавй ва маҳалли истиқомат; номгӯи мол ва теъдоди мол (шумораи мол); муҳлате, ки мол барои нигаҳдошт қабул карда шудаает; гариф ва тартиби пардохти маблаги нигаҳдошт, таърихи қабул ва муҳлати баргардонидани имзои шахси ваколатдор ва муҳри анбори мол.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 119