Вартаи сафад, сафедчола (англ. White hole) — объекти физикии хаёлӣ дар Коинот, ки ба ҳудуди он ворид шудан ғайримумкин аст. Вартаи сафед зиддияти муваққатии вартаи сиёҳ мебошад. Агар аз дохили вартаи сиёҳ баромадан номумкин бошад, ба дохили вартаи сафед даромада намешавад. Лекин худи он моддаро тавлид карда, ба кайҳон мепартояд. Тибқи назария вартаи сафед ҳангоми баромадани моддаи вартаи сиёҳ аз «уфуқи рӯйдод», ки дар замони дигар қарор дорад, метавонад пайдо шавад. Ҳоло дар илм объекти физикие, ки онро дақиқан вартаи сафед шумурдан мумкин бошад, инчунин механизми назариявии пайдоиш ва усулҳои ҷустуҷӯи онҳо маълум нест. Мунаҷҷимони исроилӣ Алон Реттер ва Шломо Хеллер фарз мекунанд, ки ҳодисаи ғамма-афканиши ғайримуқаррарии GRB 060614, ки соли 2006 рӯй дода буд, вартаи сафед аст. То ҳол ҳеч тасдиқи мавҷудияти чунин объектҳо мавҷуд нест. Нишондодҳои ин афканиш чунон ғайримуқаррарӣ буданд, ки олимон манбаи онро маънидод карда натавонистанд. Ба ақидаи А. Реттер ва Ш. Хеллер онҳо маҳз таркиши вартаи сафедро ба қайд гирифтаанд. Азбаски механизм ва оқибатҳои коҳиши лаҳзавии вартаи сафед ба «Таркиши бузург» монандӣ дошта, фақат чанд карат хурдтар аст, олимон ин ҳодисаро «Таркиши Хурд» (Small Bang) номидаанд. Агар ин фарзия дуруст бошад, он гоҳ сабаби дар ҷойи GRB 060614 ягон ситораи навтаринро пайдо накардани олимон равшан мегардад.

Сарчашма

вироиш