Васарға
Васарға — навъи ангури миёна ва дерпазак. Селексияи халқӣ. Бештар дар вилояти Суғд, водии Ҳисор, инчунин дар вил — ҳои Самарқанд, Бухоро, водии Фарғона, Қашқадарёи Ӯзбекистон ва баъзе ноҳияҳои Туркманистон (Чорҷӯй) паҳн шудааст. Хелҳои сафед ва сиёҳ дорад. Рушди токаш миёна, 27 — 35 % — и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш 5 - парра, мудаввар, сабзи баланд (дарозиаш 17 см, бараш 18см), гулаш як ва дуҷинса, хӯшааш миёна ва калон (дарозиаш 13 — 26 см, бараш 7 — 22см), мудаввар, зичиаш миёна, 240 — 350 г. Донааш миёна ва калон (қутраш аз 17 то 22мм), сершира, ширин, пӯсташ тунуки шаффоф ва ғафси доғдор, 2 — 4 тухм (вазни 100 — тоаш 3,8 - 5,6г) дорад. Баъди пухтан зарди қаҳраборанг ва сиёҳи бунафштоб, 20 — 23 % қанд ва 5 — 7 % туршӣ дорад. В. гармидӯст ва серҳосил, дар нишебӣ ва заминҳои лалмии офтобрӯя нағз месабзад. Даври нашъунамояш 140—200 рӯз. Май гул карда, авг — дек мепазад. Ба ҳисоби миёна 110—200 с/га ҳосил медиҳад. Асосан барои тархӯрӣ ва май истифода мекунанд. Васарға асосан аз ҷел ва баргпечонаки хӯшаи ток зарар мебинад. [1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 191
Адабиёт
вироиш- Раҷабов А. Маълумотномаи токпарвар. — Д., 1986;
- Ампелография СССР. Малораспространенные сорта винограда, т. 1. — М., 1963;
- Кисилев Н. А. Винодельческие районы и вина Таджикистана. — М., 1967;
- Кирилов И. Ф.(ва диг.). Виноградарство Таджикистана. — Д., 1969.