Васвос, бред (лот. Delirio) — ихтилоли рӯҳӣ, ки дар шакли ақидаю фикрҳои аз ҳақиқат дур падид омада, ба ғалат будани онҳо беморро бовар кунондан ғайриимкон аст. васвос яке аз нишонаҳои асосӣ ва маъмулии бемориҳои рӯҳӣ мебошад. Мазмуни ғояҳои васвосӣ метавонанд хеле гуногун бошанд, масалан, муносибати бад, таъкибот, заҳролудӣ, осеби ҷисмонӣ, зарар расондан, гунаҳгорӣ рашк, паст задани худ, бузургманишӣ ва ғайра. Бисёр вақт васвосҳои мазмунан гуногун дар якҷоягӣ рух менамоянд.

Васвос
Карл Теодор Ясперс — сформулировал известную «триаду бреда»
Карл Теодор Ясперс — сформулировал известную «триаду бреда»
DiseasesDB 33439
MedlinePlus 000740
eMedicine / 
MeSH D003702

Васвос ҳаргиз аломати ягонаи бемории рӯҳӣ нест. Он, одатан, бо тарс, мушаввашхотирӣ, афсурдарӯҳӣ, галлютсинатсия, тирагии ақл ва ғайра падид меояд. Дар робита ба ин чанд шакли васвосро фарқ мекунанд, мас., параноя, параноид, парафрения, параноиди шадид, васвоси боқимонда.

Аломатҳои параноя тадриҷан инкишоф миёбанд. Ба ин гуна беморон фаҳмондани ягон масъала ё сухан хеле душвор аст. Агар ба «ҷои дардманд»-и онҳо нарасанд, ягон нишонаи беморӣ ҳис карда намешавад. Касе, ки ба бемор ягон чизро исбот кардан хоҳад, «душман»-и ҳамешагии ӯ мегардад. Тафаккур ва нутқи маризон бисёр бамантиқ аст; сухани худро мумкин бо шеър тасдиқ кунанд; кирдору рафтори худро ҳақиқат мепиндоранд, мехоҳанд дигаронро бовар кунонанд, ки аз онҳо дида донотар касе нест. Чунин беморон беҳад кинагир буда, имкон дорад рафторҳои барои дигарон хатарнок содир намоянд. Параноя бисёр вақт ҳангоми шизофрения дучор меояд.

Параноид асосан бо васвоси таъқибкорӣ ва ҳолатҳои тавоҳуммот (галлютсинатсия) рух менамояд. Беморон гумон мекунанд, ки онҳоро ким-кадом ташкилот таъкиб, ҳаракат, рафтор ва кирдорашонро назорат менамояд; аъзои ташкилот мехоҳанд ӯро дар назди дигарон шармсор ва беобрӯ гардонанд. «Таъкибгарон» асбобҳои махсус доранд, ки нурҳои электромагнитӣ мебароранд; бо асбобҳо гипноз ва фикру ақидаашон идора карда мешавад. Ҳангоми параноид рафтор ва тафаккури маризон халал меёбад. Онҳо бисёр шикоят менависанд, талаб мекунанд, ки аз таъқибгарон наҷот дода шаванд; гоҳо худ барои раҳоӣ «тадбир»-ҳо меандешанд, ки метавонад барои дигарон хатарнок бошад. Параноид асосан дар мавриди бемории шизофрения рух менамояд.

Парафрения бештар бо нишонаҳои таъқиб, зӯроварӣ, бузургманишӣ зоҳир мегардад. Беморон худро одамони бузург пиндошта, бовар доранд, ки сарнавишти давлаташон аз онҳо вобаста аст. Онҳо дар бораи вохӯрӣ ва суҳбат бо одамони муътабар ҳикоя мекунанд, аз бобати ҳодисаҳои гӯшношунид ҳарф мезананд. Табъи чунин маризон, одатан, болида аст. Худро бемор намеҳисобанд, вале аз «таъқибгарон» ҳарос доранд. Парафрения асосан дар мавриди бемории шизофрения ва психозҳои пирсолон падид меояд.

Параноиди шадид бо аломатҳои аниқу возеҳ ва мушаххаси таъқиб, тарс, мушаввашхотирӣ, андармонӣ зоҳир мешавад. Қабл аз оғози беморӣ дар мариз як навъ ҳисси тарсу ваҳми беасос падид меояд. Баъдтар фикр мекунад, ки ӯро мехоҳанд ғорат намоянд, ба қатл расонанд, хешу таборашро несту нобуд созанд. Рафтору кирдори дигарон ба назари онҳо мисли «забон як кардан» аст. Ин гуна беморон метавонанд якбора аз хона гурезанд, аз поезд ё автобус фароянд, ба милитсия муроҷиат кунанд. Дар мавриди беморӣ хоб ноором ва иштиҳо нест мешавад. Беморӣ асосан шомгоҳон ва шаб хуруҷ мекунад. Бинобар ин дар ин ҳангом онҳоро аз назар дур мондан мумкин нест. Параноиди шадид дар мавриди бемории шизофрения ва психозҳои алкуҳулӣ зоҳир мешавад.

Васвоси боқимонда бар асари психозҳое, ки бо тирагии ақл ҷараён гирифтаанд, падид меояд. Метавонад аз чанд ҳафта то чанд сол давом ёбад. Беморони гирифтори васвос бояд ҳатман ба диспансери психиатрӣ фиристода шаванд. Маризони параноиди шадидро дар беморхона бистарӣ кардан лозим аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Гулямов М.Г., Психиатрия, Д., 1993;
  • Ғуломов М.Ғ., Равонпизишкӣ, Д., 1996;
  • Шаропова Н.М., Актуальные вопросы психиатрии, Д., 1997.