Василий Витковский
Витковский Василий Василевич (1 [13] сентябр 1856, Modlin Fortress[d], Masovian Voivodeship[d] — 20 март 1924, Санкт-Петербург) — заминсанҷ, ҷонигор ва ахтаршиноси рус, генерал-лейтенант.
Таърихи таваллуд | 1 (13) сентябр 1856 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 20 март 1924 (67 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | заминсанҷӣ[1][2], ҷонигорӣ[d][1][2] ва ахтаршиносӣ[2] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар гимназияи хусусии Санкт-Петербург ва Омӯзишгоҳи муҳандисии Николаев таҳсил кардааст. Баъди хатми Омӯзишгоҳи ҳарбии муҳандисӣ (1875) дар шуъбаи геодезияи Академияи Ситоди генералии Николаев (1885) дар минтақаи шимолу ғарбии Русия аксбардории геодезиро анҷом дод. Аз соли 1891 узви Ҷамъияти императории ҷуғрофии Рус (ҶИҶР), 1897—1905 раиси шуъбаи ҷуғрофиёи риёзии ҶИҶР ва проф. Академияи Ситоди генералӣ. Аз соли 1889 дар Омӯзишгоҳи ҳарбию топографӣ ва сипас, дар Академияи Ситоди генералӣ аз фанни геодезия дарс мегуфт. Василий Витковский муаллифи се китоб-дастури таълимии асосии «Геодезияи амалӣ», «Топография», «Картография» ва дигар ёддоштҳо мебошад. Китобҳои таълимии ӯро муаллимон то ҳол дар таълими геодезия истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Витковский Василий Василевич // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.