Василий Горячкин
Васи́лий Про́хорович Горя́чкин (17 [29] январ 1868, Викса[1] — 21 сентябр 1935[1], Маскав, ҶШФСР[d], ИҶШС[1]) — олими рус дар соҳаи илмҳои мошинҳои кишоварзӣ, узви фахрии АИ ИҶШС (1932), академики ВАСХНИЛ (1932).
Таърихи таваллуд | 17 (29) январ 1868 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 21 сентябр 1935[1] (67 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | механика |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови Маскав (1890) ва Омӯзишгоҳи техникии императории Маскав (1894). Аз соли 1896 омӯзгори Институти кишоварзии Маскав (ҳоло Академияи кишоварзии ба номи К. А. Тимирязев), адъюнкт-профессор (1899) ва профессор (1913), аз соли 1913 мудири стансияи мошинсанҷии назди ҳамин ин-т (минбаъд ба коргоҳи таҷрибавии пажӯҳишҳои илмӣ табдил ёфт), солҳои 1919—1920 ректори Академияи кишоварзӣ, аз 1929 директор ва мушовири Институти механикаи кишоварзӣ (минбаъд Институти мошинсозии кишоварзӣ) буд. Соли 1931 бо пешниҳоди Василий Горячкин Институти умумииттифоқии таҳқиқоти илмии механикаи кишоварзӣ таъсис ёфт ва ӯ то охири умр раиси Шӯрои илмии он буд. Асарҳои илмии Василий Горячкин ба соҳаи мошинҳои кишоварзӣ бахшида шудаанд. Бештар аз 30 асбоби андозагирӣ (мас., динамометрҳо, микромонометрҳо, профилограф, динамограф, зичисанҷҳои хок ва ғ.)-ро, ки дар кишоварзӣ ва коркарди филиззот истифода мешаванд, ихтироъ карда, усулҳои нави истифодабарии мошинҳои соҳаи кишоварзиро таҳия намудааст. Институти илмию тадқиқотии мошинсозии кишоварзии Русия ба номи Василий Горячкин гузошта шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Горячкин Василий Прохорович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Сарчашма
вироиш- Горячкин Василий Прохорович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.