Василий Григорев
Григорев Василий Василевич (15 [27] март 1816, Санкт-Петербург — 19 [31] декабр 1881, Pavlovsk[d], губернияи Санкт-Петербург[d]) — муаррих-шарқшиноси рус.
Таърихи таваллуд | 15 (27) март 1816 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 19 (31) декабр 1881 (65 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултаи филология — шуъбаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (1834). Узви вобастаи АИ Русия (1853). Нахустин асари илмии Василий Григорев («Таърихи муғулҳо») соли 1834 дар айёми донишҷӯиаш ба табъ расидааст. Ин рисола дар асоси асари Хондамир «Хулосату-л-ахбор» (Василий Григорев онро аз форсӣ ба русӣ тарҷума карда буд) навишта шудааст. Василий Григорев муддате дар литсейи Ришелйеи (1838-44) идораи марзбонӣ оид ба барқарорсозии муносибатҳо бо хонҳои Осиёи Марказӣ ва қирғизҳои кишвари Оренбург (1851-62) кор кардааст. Аз соли 1863 дар Донишгоҳи Санкт-Петербург мудири кафедраи таърихи Шарқ (1863-78), декани факултаи забонҳои Шарқ (1870-80) буд. Василий Григорев муаллифи беш аз 200 асари илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла монографияҳои «Кобулистон ва Кофиристон» (1867), «Туркистони Шарқӣ» (Ҷ. 1, 1869; Ҷ. 2, 1873), «Оид ба мардуми сакоӣ» (1871) ва ғ. мебошад. Василий Григорев дар радифи масоили таърих, ҷуғрофия, бостоншиносӣ, мардумшиносии халқҳои Осиёи Марказӣ оид ба забонҳои туркӣ ва эронии роиҷ дар ин марзу бум мақолаҳову рисолаҳо нигоштааст («Дар бораи вожаҳои русии шарқиасл» (1854), «Дар хусуси ба алифбои русӣ ишора кардани овозҳои забони қирғизӣ» (1861) ва ғ.). Василий Григорев яке аз нахустин шарқшиносони аврупоист, ки ба таҳқиқи забони тоҷикӣ пардохтааст. Ӯ дар китоби «Оид ба баъзе воқеоти Бухоро, Қӯқанд ва Кошғар. Ёддоштҳои Мирзо Шамси Бухороӣ» (1861) намунаи матни забони тоҷикиро оварда, хонандагони русзабонро бо забони тоҷикӣ ва грамматикаи он шинос кардааст. Василий Григорев чун публитсист — рӯзноманигор оид ба мавзӯъҳои муҳимми Русия, махсусан, муносибати ин давлат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо тахаллусҳои Мирзомалик, Изофати Мақлуба, Султон Мендалӣ Пиралиев мақолаҳо менавишт, ки чанде аз онҳо ба дархости давлати Англия ба забони англисӣ тарҷума шудаанд.
Осор
вироиш- О Великорусских словах восточного происхождения. СПб., 1854;
- О некоторых событиях в Бухаре, Коканде и Кашгаре. «Записки Мирзы Шамса Бухары». Казань, 1861;
- Землеведение. География стран Азии, находящихся в непосредственных отношениях с Россией. СПб., 1867.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Григорев Василий Василевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Веселовский Н. И. Василий Васильевич Григорьев, по его письмам и трудам. 1816—1886. СПб., 1887;
- Коссович К. Об ученых трудах профессора Григорьева. // журнал Министерства народного просвещения. Часть 140, СПб., 1868.