Васл
Васл (ар. وصل — пайвастан, якҷоя шудан) — дар тасаввуф таҷрибаи ирфониест, ки тавассути он солик бо шавқу шӯру ваҷд ба ҳақиқати азалӣ мерасад.
Ба андешаи орифон, зиндагӣ дар олами моддии фонӣ ва ҷудо аз ҳақиқати ҷовидонӣ маъно надорад, аз ин рӯ бояд роҳҳои пайвастан ба ҳақиқати азалиро ҷустуҷӯ намуд. Шоҳроҳи ҳастии ҷовидона басе мушкилу розомез буда, расидан ба он танҳо аз роҳи «марги ихтиёрӣ» муяссар мегардад. Барои ин дар марҳалаи аввал солик ба тариқати тасаввуфӣ ворид шуда, маҷзуби партавафшонии нури илоҳӣ мегардад, Офаридгорро молики қувваи фоилӣ ва ҳамаи афъолу аъмоли дигарро хаёливу эътиборӣ медонад. Дар марҳалаи баъдӣ солик ба ҷое мерасад, ки нури илоҳӣ ба ӯ аз тариқи сифоти илоҳӣ медурахшад ва солик сифатҳои ҳар чизро мундариҷ дар Худо мебинад. Вақте таҷрибаи ирфонӣ ба марҳилаи ниҳоӣ расид, дар ин зинаи маърифатӣ барои солик ба ҷуз Худованд ҳеч чиз вуҷуд надошта, тамоми ашё баромада аз ҳастии Ӯянд. Солик дар ин марҳила комил мешавад ва дар ҳоли ваҳдат бо Офаридгори худ қарор мегирад, яъне бо ӯ васл мешавад.
васл дар назари намояндагони тасаввуфи муътадилона, ифротӣ ва ошиқона ба таври мухталиф сурат мепазирад. Мас., дар тасаввуфи муътадил мурод аз васл танҳо дарки Худованд буда, дар тасаввуфи ифротӣ ба дараҷаи фанофиллоҳ ва бақобиллоҳ ё худ ҳулул мерасад. Дар тасаввуфи ошиқона, вақте ки қалби солик бо ишқ ороста мешавад, ошиқ худро фидои маъшуқ месозад ва дар ӯ фонӣ мешавад. Аз сифоти ошиқ зимни васл асаре боқӣ намемонад, ориф тамоми сифоти маъшуқро ба худ касб мекунад ва ба висол мерасад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бертельс Е. Э. Суфизм и суфийская литература. М., 1965;
- Олимов К. Мировоззрение Санаи. Д., 1973;
- Мухаммедходжаев А. Мировоззрение Фаридаддина Аттара. Д., 1974;
- Ҳазратқулов М. Тасаввуф. Д., 1985;
- Кныш А. Д. Мусульманский мистицизм: краткая история. СПб., 2004;
- شیخ روزبهان بقلی. ابهر العاشقین. تهران، 1338 ش.؛
- یثربی سید یحیی. پژوهشی در نسبت دین و عرفان. تهران، 1379 ش.؛
- محی الدین الهی قمشه ای. حکمت الهی. عام و خاص. تهران، 1379؛
- محمد کاظم یوسف پور. نقد صوفی. تهران، 1380؛
- دینانی غلام رضا ابراهیم. دفتر عقل و آیت عشق. جلد 2. تهران، 1381؛
- محمد شبستری و جامی. //تاریخ فلسفه در اسلام. جلد 2. تهران، 1365 ش.
Сарчашма
вироиш- Васл / М. Ҳазратқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.