Васӣ — барои кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд, бо мақсади таъминот, таълиму тарбия, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад (м. 36 КГ, м. 147 КО ҶТ). Ба сифати васӣ шахсони болиғи қобили амал таъйин карда мешаванд. Васӣ аз тарафи ҳукумати ноҳия, шаҳр, ҷамоатҳои шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот, яъне маҳалли истиқомати шахсе, ки бояд таҳти васоят гирифта шавад ё маҳалли истиқомати васӣ муқаррар карда мешавад. Ҳангоми ба кӯдак таъйин намудани васй бояд сифатҳои шахсии васӣ, иҷро намудани уҳдадориҳои васӣ, қобилият доштани ӯ, муносибати байни ӯ ва шахси ба васӣ мӯҳтоҷ ва ғайра ба назар гирифта шавад. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои васӣ дар қонун пешбинӣ карда шудааст.[1]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 119