Вағаштóн (аз вожаи суғдии ваға – ба маънои сабзу хуррам, кабудизор) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Шинги ноҳияи Панҷакент.

Деҳа
Вағаштон
Кишвар  Тоҷикистон
минтақа Суғд
Ноҳия Панҷакент
Ҷамоат Деҳоти Шинг
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 316 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992

Ҷуғрофия

вироиш

Аз деҳа то маркази ноҳия 39 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 316 нафар (2017), тоҷикон. Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 4 нуқтаи савдои хусусӣ ва истироҳатгоҳ дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ: чорводорӣ, кирмакпарварӣ ва зироаткорӣ. Заминҳо аз деҳаи Шинг обёрӣ мешаванд. Тақрибан дар солҳои 1800 Наврӯз ном шахс аз деҳаи Бодгаҳ дар ин минтақа боғи мевазор бунёд карда, Вағаштон ном мегузорад.

Канданиҳои фоиданок

вироиш

Аз рӯйи қайди баъзе аз маъхазҳо дар асрҳои 16–17 хитойиҳо харитаи аниқи кони тилои Мосарифи Вағаштонро дастрас намуда, дар ин мавзеъ ин сарвати зеризаминиро коркард намуда, ба ватанашон мекашондаанд. Аз соли 1926 дар ин мавзеъ ҷустуҷӯйи геологӣ оғоз шуда, сарватҳои табиӣ бо аспу хар кашонда мешуданд. Аз соли 1930 роҳи мошингардро геологҳои рус (аз Иттифоқи коркарди марги муш(мишяк)–«Союзмишяк») бунёд намуданд ва аз соли 1943 кони истихроҷи омехтаи олтингӯгирду сулфур ба кор оғоз кард. Солҳои 1943–58 дар Вағаштон шаҳраки геологҳо мавҷуд буд. Солҳои ҶБВ (1941–45) тилову марги муши Вағаштон ба Англия фурӯхта мешуд. Ҳоло аз конҳои Вағаштон маъдани тило ва 12 намуд маъданҳои мис, нуқра, марги муш, сурма ва волфрам истеҳсол ва дар ҶДММ «Зарафшон» (корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой) коркард мешаванд (хоки В дорои 8 дарсад тило аст). Соли 1958 бо ташаббуси омӯзгор Сиддиқов Яхшибой дар яке аз хонаҳои истиқоматӣ нахустин мактаби ибтидоӣ бунёд гардид. Солҳои 1993 ва 2005 бар асари офати табиӣ хонаҳои мардум хароб гардида, аҳолиаш қисман ба мавзеи Саразм кӯчонда шуданд.

Сарчашма

вироиш