Вағанзой

(Тағйири масир аз Вағинзой)

Вағанзой (ҳамчунон Вағинзой; суғдӣ: ваға – сабзу хуррам ва зой – замин) — деҳа дар водии Яғноб, дар ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ. Аз Вағанзой то маркази ҷамоат 53 км, то маркази ноҳия 88 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 10 нафар (2017; 15 нафар — 2007), тоҷикон (яғнобиҳо).

Деҳа
Вағанзой
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Айнӣ
Ҷамоат Деҳоти Анзоб
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 10 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3479
Нишонаи почта 735520

Иқтисод

вироиш

Вағинзой мактаб надорад. Хонандагон маълумоти ибтидоиро дар мактаби таҳсилоти ибтидоии деҳаи Марғтумайн гирифта, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Анзоб ва маркази ноҳия таҳсили худро идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва зироаткорӣ. Заминҳо аз чашмасорон обёрӣ мешаванд. Аз ёдгориҳои таърихӣ дар Вағинзой марқади Хоҷаи Бӯстон ва Хоҷаи Гулистон маҳфуз мебошанд, ки зиёратгоҳи мардуманд.

Адабиёт

вироиш

Сарчашма

вироиш