Вақти кории кӯтоҳ – давомнокии мӯътадили вақти кор набояд аз 40 соат зиёд бошад. Барои гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти синну сол, вазъи саломатӣ, шароити меҳнат, хусусияти вазифаи кории онҳо ва дигар ҳолатҳо тибқи асноди қонунгузорӣ ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат, инчунин шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ давомнокии кӯтоҳи вақти кор бидуни кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 117