«Вақт» — рӯзномаи тоторӣ, ки бо ибтикори соҳибони корхонаи тило бародарон Рамиев аввал зери таҳрири Ф. Каримӣ, баъдан З. Валиев солҳои 1906–18 ба табъ расидааст. Маорифпарварони маъруфи тотор Маҷит Ғафурӣ, Ризоуддини Фахриддин, Аҳмадзакии Валидӣ, Шайхзода Бабич, Ҳамидулло Обидов, Муҳаммадшоҳ Бурангулов бо «Вақт» ҳамкорӣ кардаанд, ки дар муддати кӯтоҳ дар тамоми манотиқи мусулмоннишини Русия машҳур шуд. Соли 1907 дар «Вақт» мақолаҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ «Фарёди Туркистон», «Дума ва мусулмонони Туркистон», Абдулқодир Шакурӣ «Мактабу тарбия дар Туркистон» ва дигар маорифпарварони тоҷик ба табъ расидаанд. «Вақт» дар аморати Бухоро соли 1910 баъди фитнаи сунниву шиа маъруф гардид. Бо мақсади огоҳии бештари хонандагон аз моҳияти воқеаи шиаву суннӣ хабарнигори «Вақт» Бурҳон Шараф соли 1910 ба Бошқирдистон сафар мекунад, ки он ба густариши ҳамкории маорифпарварони тоҷик бо рӯзномаи тоторӣ мусоидат намудааст. Устод С. Айнӣ дар як шеъраш дар ин хусус гуфта: «Тарҷумонӣ» кард «Аҳволи замон» аз ҳоли ман, «Вақт»-ро дар пеши худ миръоти ибрат доштам. Баъди бозгашти Бурҳон Шараф ба Оренбург Абдулқодир Муҳиддинов бо имзои мустаори «Бухороӣ» аз феврал то июни 1910 силсиламақолаҳо ба табъ расонда, сабабҳои воқеа ва аҳволи иҷтимоии аморати Бухороро ба риштаи таҳқиқ кашида, чунин хулосаи пурарзиш пешниҳод кардааст: «Аҳолӣ баъд аз ин ҳодиса дар худ қуввае ҳис мекунанд. Аз дасти золимон халос шудан, ба ҷойи ҳукумати золим омадани ҳукумати одилеро ба хурсандӣ талаққӣ карда, барои аҳолӣ сабукиҳо, ислоҳоти умумиро умедворанд».

Адабиёт

вироиш
  • Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро. Д., 1987;
  • Гулмуродзода П. Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон. Д., 2006;
  • Кутушев Р. Р.. Революционно-демократическая печать в Башкирии в период революции 1905–07 гг.//Проблемы изучения башкирских литературно –публицистических и фольклорных источников. Уфа, 1982;
  • Буржуазно-либеральная газета «Вакыт» в годы первой русской революции//Тезисы конференции научных сотрудников. Т. 2. М., 1978;
  • Хусаинов Г. Ризаитдин бин Фахретдин. Уфа, 1997.

Сарчашма

вироиш