Ваҳдат (деҳа, н. Турсунзода)
Ваҳдат (то 14 декабри 2012 Қизилйӯл) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Турсунзода.
Деҳа | |
Қизилйӯл | |
Кишвар | Тоҷикистон |
минтақа | НТМ |
Ноҳия | Турсунзода |
Ҷамоат | Деҳоти Навобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1686 тан (2013) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 |
Ҷуғрофиё
вироишАз деҳа то маркази ноҳия 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1686 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, клуб, осиёби хусусии ордкашӣ, сартарошхона, чойхона, 2 ошхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва масҷиди панҷвақтаи замонавии бо услуби меъмории миллӣ сохташуда дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, зироаткорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Ширкент обёрӣ мешаванд[1].