Ваҳмия
Ваҳмия (ар. وهمية) — яке аз фирқаҳои ҷабрия, ки пайравонаш ба подоши рафтору кирдори инсон дар охират эътиқод надоштанд ва таҳаққуқи ин амрро инкор мекарданд. Онҳо чунин мепиндоштанд, ки қавл ва феъли одамӣ аразӣ буда, бақое надорад; кирдори одамӣ ҳам ваҳм буда, тасаввури савобу иқоб бар ваҳм ҷаҳл аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ваҳмия / С. Маҳмадуллоҳ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.