Ваҳрез
Ваҳраз, Ваҳрази Дайламӣ, Ваҳрез — сарлашкар, аввалин ҳокими дастнишондаи Сосониён дар Яман.
Ваҳрез | |
---|---|
Таърихи даргузашт | |
Солҳои хидмат | Сипоҳи Сосониён |
Қисм | генерал |
Зиндагинома
вироишВаҳраз бо амри Хусрави 1 Анӯшервон (531—579) ва дархости Сайф ибни Зиязан ҷиҳати ёрӣ ба ҳимяриён дар мубориза бар зидди ҳабашҳо ба Яман рафт. Ба қавли Табарӣ, сафари Ваҳраз бо 8 киштӣ (800 нафар) сурат гирифта, дар роҳ ба Яман ду киштӣ дар баҳр ғарқ шуд. Баъди фуруд омадан дар Ҳазрамавт Ваҳраз барои пешгирии фирори сарбозон ба ватан киштиҳоро оташ зада, ҳамроҳи неруҳои Сайф ибни Зиязан муборизаро бар зидди Масруқ ибни Абраҳа оғоз кард. Баъди шикаст додани ҳабашҳо (575) ва ба тахт шинондани Сайф ибни Зиязан (ҳукмронӣ 575-79) Ваҳраз бо хироҷи Яман ба Эрон баргашт. Бо кушта шудани Сайф ибни Зиязан аз ҷониби ҳабашҳо Ваҳраз бори дигар ба Яман лашкар кашида (579), онро фатҳ намуд ва аз ҷониби Сосониён ҳокими он ҷо таъйин гардид. Дар натиҷаи лашкаркашиҳои Ваҳраз Яман ба ҳайати давлати Сосониён дохил шуда, таҳдиди ҳабашҳо дар халиҷи Форс аз байн рафт. Аз давраи ҳукмронии Ваҳраз дар Яман форсҳо бо ҳимяриён омезиш ёфта, насли онҳо бо номи «абно» машҳур шуд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ваҳраз / Н. Сафаров // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.